Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кремлин дастдарозӣ ба сохтори овоздиҳии Амрикоро "беасос" хонд


Сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков гузоришҳои матбуоти Ийолоти Муттаҳидаро рад кард, ки гуфтаанд, Русия эҳтимолан ба сохтори райъдиҳии онлайнии Амрико, дар пешорӯи интихоботи зудраси раёсати ҷуҳмур, дастдарозӣ кардааст. Песков рӯзи 30 август ин гузоришҳоро "беасос" ва берзиш барои баррасиву таваҷҷӯҳ хонд. Сенаторҳои Ҳизби демократи Амрико аз Хадамоти иктишофии Иёлоти Муттаҳида даъват кардаанд, ки дахолати Русия ба раванди интихоботи Амрикоро бисанҷанд. Расонаҳои Амрико бо такя ба мақомоти ин кишвар хабар доданд, ки ҳакерҳои Русия талош кардаанд, шабакаҳои компютерии Шӯроҳои интихоботиро дар иёлати Аризона ва Иллинойс бишкананд. Рӯзи 29-уми август маълум шудааст, ки наздик ба ду ҳафта боз ФБР бо давъати бесобиқае ба Шӯроҳои интихоботӣ муроҷиат кардааст, то аз ҳамлаи ҳакерҳо эҳтиёт кунанд. Ҳушдор дар ин маврид дар ҳолест, ки Хадамоти иктишофӣ маълум кардааст, аз ду штати Амрико ҳудуди 200 ҳазор рӯйхати интихобкунандагонро рабудаанд. Ҳоло мақомоти Амрико талош доранд, ки ҷилави рахнагарон ва дуздидани иттилои марбут ба интихоботи Амрикоро бигиранд.

XS
SM
MD
LG