Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия: Гунаҳкорони сӯхтор ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд


Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар суҳбати телефонӣ бо ҳамтои қирғизи худ гуфтааст, ки гунаҳкорони сӯхтор дар анборе дар Маскав ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд. Дар пайи ин сӯхтор 17 нафар, аз ҷумла 14 шаҳрванди Қирғизистон ҷон бохтанд. Шаҳрвандони ҳалокшудаи Қирғизистон аксаран занону духтарон будаанд. Вазири корҳои хориҷии Русия ваъда додааст, ки ин қазия мӯшикофона таҳқиқ мешавад ва гунаҳкорон дар ин оташсӯзӣ ба ҷавобагрии ҷиноӣ кашида хоҳанд шуд. Қаблан, Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Русия гуфт, сӯхтор аз расиши кӯтоҳи барқ дар ошёнаи аввали бино сар задааст. Рӯзи 29-уми август дар Қирғизистон ба хотири қурбониёни ин сӯхтор мотами миллӣ эълон шудааст.

XS
SM
MD
LG