Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роналду ё Гризманн? Фаронса ва Португалия - дар финали Euro-2016


Дастаҳои мунтахаби Фаронса ва Португалия ба ҳаққи ширкат дар бозии ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Урупо-2016 мушарраф шуданд.

Мизбони мусобиқот – тими миллии Фаронса дар бозии ниманиҳоӣ, ки шаби 7 июл дар шаҳри Марсел баргузор шуд, мунтахаби Олмон, қаҳрамони феълии ҷаҳонро, бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.

Ҳарду голро ба дарвозаи олмониҳо ҳамлагар Антуан Гризманн зад. Вай дар замони изофии нимаи аввали дидор аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метрӣ ҳисобро боз кард. Голи дувумро Гризманн дар дақиқаи 72-юм ба ҳадаф расонд. Ҳамакнун вай бо 6 гол дар ин мусобиқот дар рӯйхати беҳтарин нишонзанҳо дар мақоми аввал қарор дорад.

Ба ин тартиб, дар бозии ниҳоӣ мунтахаби Фаронса бо тими Португалия рақобат мекунад.

Португалиҳо дар бозии ниманиҳоӣ шаби чоршанбеи 6 июл бар мунтахаби Уэлс бо ҳисоби 2:0 пирӯзӣ ба даст оварданд. Ҳарду гол дар нимаи дувуми бозӣ зада шуд. Криштиану Роналду дар дақиқаи 50-ум бо зарбаи сар тӯбро ба тӯри дарвоза зада, ҳисобро кушод. Голи дувумро ба дарвозаи мунтахаби Уэлс бо кӯмаки Роналду ҳамлагар Нани аз ҷаримагоҳ зад.

Ҳамин тариқ, бозии ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Урупо-2016 миёни дастаҳои мунтахаби Фаронса ва Португалия рӯзи якшанбеи 10 июл дар варзишгоҳи "Стад де Франс"-и шаҳри Сен-Дени баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG