Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хадича Исмоилова: "Ман муборизаро идома медиҳам"


Ҳомиёни ҳуқуқ ва созмонҳои байналхалқӣ аз озодии Хадича Исмоилова, хабарнигори бахши озарии Радиои Озодӣ истиқбол мекунанд.

Дар изҳороти Дуня Миятович, намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот раҳоии Исмоилова аз зиндон "қадами хеле мусбат" номида шудааст. Раиси Порлумони Аврупо Мартин Шултс изҳори умедворӣ кард, ки ин намуна "дар ҳолатҳои дигар ҳам такрор хоҳад шуд". Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон аз Ню-Йорк озодии Исмоиловаро "баҳона барои хурсандӣ" номид ва дар ҳамин ҳол аз ҳолатҳои дигари таъқиби рӯзноманигорон дар Озарбойҷон ёдоварӣ кард.

"Ин рӯзи бузургест барои Хадича ва ҳамаи рӯзноманигорон ва барои озодии матбуот дар тамоми дунё", - гуфт сармуҳаррири Радиои Озодӣ Ненад Пеич.

Хадича Исмоилова баъди берун шудан аз зиндон гуфт, "мубориза барои адолатро идома хоҳад дод".

Додгоҳи олии Озарбойҷон рӯзи чаҳоршанбе қарор кард, ки Исмоилова аз зиндон раҳо карда шавад. Пештар аз ин ҳукми Хадича аз 7,5 ба 3,5 сол кам шуда буд.

Исмоилова моҳи декабри соли 2014 боздошт ва моҳи сентябри соли 2015 бо айби сарпечӣ аз пардохти андоз ва азхудкунӣ зиндонӣ шуда буд. Кишварҳои Ғарбӣ ва гуруҳҳои байналхалқии озодии матбуот даъват мекарданд, ки Хадича раҳо шавад.

Айбномаи Исмоиловаро созмонҳои иҷтимоӣ ҳамчун подоши таҳқиқотҳои рӯзноманигориаш, ки хонаводаи президенти Озарбойҷон Илҳом Алиевро дар фасод айбдор мекард, медонанд.

XS
SM
MD
LG