Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бархе аз чеҳраҳои шинохта мегӯянд, ки аз иштирок дар раъйпурсӣ худдорӣ кардаанд. Баръакси ин, бархе аз сокинон мегӯянд, ки ба пойи сандуқҳои раъй рафта, ба тарафдорӣ аз ислоҳи Қонуни асосӣ овоз додаанд.

Бархе аз сокинони одӣ ва чеҳраҳои маъруфи кишвар гуфтанд, ки дар раъйпурсии рӯзи 22 май иштирок нахоҳанд кард. Онҳо мегӯянд, барои ворид кардани тағйирот ҳеч зарурат нест.

Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони "Перспектива +" ва танҳо зани довталаб ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар интихоботи соли 2013, рӯзи 22 май ба Озодӣ гуфт, аз иштирок дар раъйпурсӣ барои ислоҳи Қонуни асосӣ худдорӣ кардааст. "Далелаш он аст, ки шахсан баргузории ҳамин референдумро қабул надорам," - афзуд ӯ.

Шокирҷони Ҳаким, муовини раҳбари ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, мегӯяд, то ҳол дар бораи иштирок кардан ё накарданаш дар ин раъйпурсӣ тасмим нагирифтааст. Ӯ гуфт, "ба тарз ва усули ташкили раъйпурсӣ розӣ нест ва масъалаҳои пешниҳодшуда ба раванди ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҳкими ниҳодҳои демократӣ мусоидат накарда ва густариши равияҳои сиёсии мухталифро халалдор мекунад".

Гуфта мешавад, ҳоло Раҳматилло Зоиров, раҳбари ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, дар Қазоқистон ба сар бурда ва маълум нест, ки дар раванди овоздиҳӣ дар сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон иштирок хоҳад кард, ё не.

Ин дар ҳолест, ки ҳазорҳо сокини кишвар мегӯянд, субҳи якшанбе ба пойи сандуқҳои раъй рафта, ба тарафдорӣ аз ислоҳи Қонуни асосӣ овоз додаанд. Ҷӯрабек Исмоилов, як сокини пойтахт, гуфт: "Дар раъйпурсии соли 1994 барои қабули Қонуни асосии Тоҷикистон низ ширкат доштам. Бо вуҷуди ноором будани вазъ мардум ба овоздиҳӣ омада, аз ин Қонуни асосӣ пуштибонӣ карда буданд. Ҳоло барои бори сеюм тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ ворид мешавад. Ин тақозои замон аст."

Меҳриннисо Каримова, сардори Идораи кадрҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Садриддин Айнӣ низ бо аҳли хонаводааш ба қитъаи овоздиҳӣ ҳозир шудааст. Ӯ гуфт, "ин тағйирот ба хотири сулҳу оромӣ ва пешрафти кишвар мешавад. Пешрафтҳои кишвар ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон вобастагӣ дорад. Мо аз тағйироту илова тарафдор ҳастем. Ба шарофати сулҳу ваҳдат рӯз ба рӯз Тоҷикистон гул-гулшукуфон мешавад."

Дар рӯзи раъйпурсӣ барои ислоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон 3 ҳазору 239 қитъаи раъйдиҳӣ ва 68 ҳавзаи интихоботӣ, аз ҷумла, 36 қитъаи раъйдиҳӣ дар 24 кишвари ҷаҳон боз шуданд. Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон 4,3 миллион варақаи овоздиҳииро чоп карда ва рӯзи 19 май ба қитъаҳои раъйдиҳӣ фиристодааст.

Дар маъракаи райъпурсӣ 124 нозири байналмилалӣ аз кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва корпуси дипломатҳои хориҷии муқими Тоҷикистон ҷараёни овоздиҳиро назорат карда ва беш аз 320 намояндаи расонаҳои хориҷӣ раванди овоздиҳиро таҳти пӯшиш қарор медиҳанд.

Қонуни асосии Тоҷикистон дар ҷараёни як раъйпурсӣ дар 6 ноябри соли 1994 қабул шуда, дар солҳои 1999 ва 2003 тағйироте чун таъсиси парлумони дорои ду маҷлис, расмӣ шудани фаъолияти ҳизби мазҳабӣ ва тамдид шудани муддати раёсати ҷумҳурӣ аз 5 то 7 сол ба ин санади ҳуқуқӣ ворид шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG