Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қоҳир Расулзода дар пойи сандуқи раъйдиҳӣ


Қоҳир Расулзода

Қоҳир Расулзода

Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, субҳи 22 май дар раъйпурсӣ барои ислоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон иштирок кард. Ӯ дар қитъаи рақами 12-и шаҳри Душанбе, ки дар дохили Донишгоҳи давлати омӯзгории Тоҷикистон воқеъ аст, ба пойи сандуқи раъйдиҳӣ омад. Раъйпурсӣ соати шаши субҳи якшанбе оғоз ёфта, то соати ҳашти бегоҳ идома хоҳад кард. Мақомоти Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ мегӯянд, ки натиҷаи овоздиҳӣ то нимирӯзи 23 май тариқи телевизионҳои давлатӣ эълон хоҳад шуд. Ҷараёни ин раъйдиҳиро беш аз сад нозири байналмилалӣ, асосан аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой назорат доранд. Вале нозирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо барои мушоҳидаи ин раъйпурсӣ наомадаанд.

XS
SM
MD
LG