Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба ҷои маҷмааи Темурмалик дар Хуҷанд муҷассамаи 25-солагии истиқлоли Тоҷикистон қомат хоҳад афрохт. Мақомоти Суғд мегӯянд, ки маҷмааи Темурмалик дар канори Сир сохта мешавад.

Мақомоти вилояти Суғд мегӯянд, ки дар ҷойи пештараи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар Хуҷанд на маҷмааи қаблан тарҳрезишудаи Темурмалик, қаҳрамони халқи тоҷик, балки муҷассамаи 25-солагии истиқлоли Тоҷикистон қомат хоҳад афрохт. Тоҷикистон имсол аз 25-умин солгарди истиқлолаш таҷлил мекунад ва зоҳиран парда аз болои ин муҷассама низ дар моҳи сентябр бардошта хоҳад шуд.

Пайкараи куҳнаву аспсавори Исмоили Сомонӣ чанд соли пеш ба маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бурда шудааст. Ҳоло ҳайкали наву бузурги Исмоили Сомонӣ дар ҷои муҷассамаи пешинаи Владимир Ленин дар наздикии маркази Хуҷанд ҷойгир шуда, маҳалли сайругашти шомгоҳии сокинон аст.

Аюбҷон Раҳматов, сармутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии ҳукумати Суғд, рӯзи 16 май дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, тарҳи муҷассамаи 25 солагии истиқлоли кишвар омода аст.

Тарҳи пешинаи маҷмааи Темурмалик, ки бояд дар ҷои ҳайкали Исмоили Сомонӣ сохта мешуд

Тарҳи пешинаи маҷмааи Темурмалик, ки бояд дар ҷои ҳайкали Исмоили Сомонӣ сохта мешуд

Дар ҷое, ки ҳоло муҷассамаи 25-солагии истиқлоли кишвар бунёд мегардад, қаблан қарор буд маҷмааи таърихӣ ба ифтихори корномаи Темурмалик - қаҳрамони халқи тоҷик – сохат шавад. Темурмалик дар асри 13 бар зидди лашкари Чингиз мубориза кардааст. Дар мавриди бунёди ин маҷмаа ва таҷлил аз 800-умин солгарди муборизаи тоҷикон бар зидди ҳуҷуми истилогаронаи муғул дар соли 2018 қарори шаҳрдорӣ низ ба тасвиб расида буд.

Вале Аюбҷон Раҳматов, сармутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии ҳукумати Суғд мегӯяд, таърихшиносон онҷоро барои пайкараи Темурмалик номуносиб дониста ва ҷои беҳтареро интихоб доранд. “Ҳоло таърихшиносону донишмандон барои маҷмаии Темурмалик ҷои муносиб интихоб доранд. Ва ғолибан барои маҷмаа дар соҳили рӯди Сир ҷой интихоб мешавад. Чанд тарҳи маҷмаа низ пешниҳод шудааст, ки беҳтарини он баргузида хоҳад шуд. Ба ҷуз ин, таҷлил аз 800-умин солгарди муборизаи Темурмалик алайҳи лашкари Чингиз дар соли 2020 дар назар аст,” – афзуд ӯ.

Темурмалик

Темурмалик

Раҳматов гуфт, ки ҷои дақиқи маҷмаи Темурмалик бо пешниҳоди таърихшиносону донишмандон дар соҳили рӯди Сир интихоб карда хоҳад шуд. Мувофиқи тарҳи қаблӣ, маҷмааи Темурмалик ӯро дар киштии тирногузар дар байни рӯди Сир дар ҳолати мубориза бо лашкари муғул, дар байни ҳамсафонаш, тасвир мекард.

Назирҷон Турсунов, таърихшиноси тоҷик ва муаллифи китоби “Темурмалик”, таҷлил аз 800-умин солгарди муборизаи тоҷикон бар зидди лашкари Чингизро як амри муҳим дар тарбияи хештаншиносии насли имрӯзии тоҷикон номид. Вай афзуд, “шинохт ва гиромидошти Темурмалик кори бисёр муҳими таърихист. Темурмалик дар сафи қаҳрамонони дигари халқи тоҷик, мисли Спитамену Деваштич мояи шаъну шараф ва ифтихори миллати тоҷик аст. Ҳамчунин, Темурмалик қаҳрамони танҳо халқи тоҷик нест, қаҳрамони тамоми Осиёи Миёна аст, ки зидди лашкари бешумори муғул дар асри 13 қиём ва муқовимати бемонанд кард ва бо мардонагиву шуҷоати бемисл номашро ҷовидонӣ кард.”

Турсунов мегӯяд, ба навиштаи манобеи таърихӣ, Темурмалик, мири вилояти Хуҷанд дар поёни даҳаи дуюми асри 13 бо 1 ҳазор мардони диловари ҷангии худ алайҳи лашкари 75 ҳазорнафарии муғул бархост.

Дарёи Сир

Дарёи Сир

Вай дар қалъаи худ байни рӯди Сир истеҳком гирифт ва дар киштиҳои намадпӯши тирногзар ба лашкари муғул шабохун мезад. Селаи лашкари муғул оҷиз омад ва билохира баъди чаҳор моҳи ҷангҳои бенатиҷа бо сангандозӣ ба рӯди Сир ба қалъаи Темурмалик раҳ кушод ва ӯро аз пойгоҳаш берун кард. Темурмалик ҷангиёни худро аз даст дода, ба ҷустуҷӯи фароҳам кардани лашкари нав рафт ва аз дасти чингизиён дар як ҳарби нобаробар кушта шуд.

Корномаи Темурмаликро дар ибтидои солҳои 40-и асри гузашта Садриддин Айнӣ, асосгузори адабиёти Шӯравии тоҷик дар рисолаи худ “Қаҳрамони халқи тоҷик - Темурмалик” бо истинод ба манобеи таърихӣ дубора зинда ва ба халқи тоҷик ошно кард. Сипас саҳифаҳои дурахшони муборизаҳои Темурмалик алайҳи лашкари Чингиз дар таърихномҳои тоҷикон ва китобҳои дарсӣ ҷо гирифт.

Ба гуфтаи таърихшиносони маҳаллӣ, ҳоло дар Хуҷанд ду нишона аз Темурмалик боқист. Аввал, ҷазирае дар байни рӯди Сир дар мавзеи Ёва, ки ба шаҳодати манобеъи таърихӣ, қалъаи Темурмалик он ҷо устувор буд. Дувум, Кӯҳандизи Хуҷанд, ки қароргоҳи аслии вилояти Темурмалик буд ва ҳоло бозсозӣ ва дар канораш ҷаҳорбоғи Камоли Хуҷандӣ, шоири классики асри 15-и тоҷик ва мадфани рамзии ӯ бунёд ёфтааст.

Қалъаи Хуҷанд

Қалъаи Хуҷанд

Қарори шаҳрдории Хуҷанд дар соли гузаштаи 2015 дар бораи бунёди маҷмааи Темурмалик дар байни чорроҳаи кӯҳдомани қисмати шимолии рӯди Сир байни таърихшиносон ва донишмандони тоҷик баҳсҳои пуршӯреро дар расонаҳо ва шабакаи ҷаҳонӣ дар пай дошт. Муаррихи тоҷик - Луқмон Бойматов чорроҳаро ба шахсияти бузурги таърихие мисли Темурмалик ва таҷассуми корномаҳои вай номуносиб дониста пешниҳод карда буд маҷмаа ба ифтихори ин қаҳрамони търихии халқи тоҷик дар ҷазираи Ёва, ҷои воқеии қалъаву истеҳкоми вай бар муқобили лашкари Чингиз бунёд карда шавад.

Профессор Назирҷон Турсунов мегӯяд, “дар ҳақиқат дар ҷазираи Ёва бунёд намудани маҷмааи Темурмалик аз ҳама муносибтар аст, чунки корномаҳои асоси Темурмалик ҳам дар ҳамон ҷо сурат гирифтааст.” Аммо дар шароити буҳронӣ ва мушкили иқтисодии кунунӣ дар як ҷазираи хурди байни об бунёд намудани маҷмаа ва бардоштани пайкараи бузурги Темурмалик хеле гарон хоҳад уфтод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG