Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз зодрӯзи Монӣ, наққоши маъруфи олам, 1800 сол гузашт. Зодрӯзи пойгузори оини Монавӣ, ки қарнҳо пеш аз он ҳазорон нафар пайравӣ мекарданд, фақат дар интернет "таҷлил" шуд.

Зодрӯзи Монӣ, яке аз бузургтарин наққошҳои олам, ноаён гузашт ва ба назар мерасад, ки ҳатто дар ЮНЕСКО, Созмони илму маориф ва фарҳанги СММ, аз ӯ ёд наоварданд. Дар сомонаи ин ниҳод иттилое дар бораи баргузории ягон чорабинӣ оид ба Монӣ нест..

Фақат баъзе гурӯҳҳои ҳаводорони оини Монавӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ матлабҳое дар бораи Мониву оини ӯро нашр карданду бас. Дар паҳнои маҷозӣ гурӯҳҳои зиёде зуҳур кардаанд, ки талоши эҳёи яке аз қадимитарин оинҳои мардуми ориёӣ – оини Монавиро доранд.

Ҳаводорони он, аз ҷумла, гурӯҳеро дар шабакаи «В Контакте» бо номи “Манихейство - религия света, и её создатель Мани» («Монавӣ – дини нур ва муассиси он Монӣ»)-ро ташкил кардаанд.

Сомонаҳои бахшида ин оин дар интернет бо забонҳои гуногун таъсис шудаанд ва дар онҳо масоили гуногуни марбут ба ақоиду фалсафаи оини Монавӣ баҳсу баррасӣ ва пажуҳишҳои нави таърихиву динӣ нашр мешаванд. Аммо аз рӯи сомонаҳо мушаххас кардани теъдоди ҳаводорону пайравон ва ба кадом кишвару кадом миллат талллуқ доштани онҳо номумкин аст. Ва рӯшан ҳам нест, ки ҳадаф аз таъсиси сомонаҳои оини Монавӣ тарғиби ин дин аст ё талоши пайдо кардани ҳақиқат ё «мӯд» ба мистика (арфон), экзотика ва эзотерика?

Бино ба расонаҳо, гурӯҳҳое аз охирҳои қарни 20 барои эҳёи оини Монавӣ талош мекунанд ва айни ҳол дар олам аз 5 то 20 ҳазор пайравони ин мазҳаб ба сар мебаранд. Теъдоди рӯҳониёни ин оин ҳам андак аст.

Комил Бекзода, файласуфи тоҷик, мегӯяд, ки Мониву мазҳаби ӯро дар Тоҷикистон тақрибан касе намешиносад ва оини Монавӣ пажуҳиш нашудааст, албатта, ба ҷуз чанд матлабе, ки солҳои 70-уми қарни гузашта корманди Пажуҳишгоҳи фалсафаи Академияи илмҳо Абдуғаффор Шарифов нашр карда буд. Мусоҳиби мо меафзояд, ки ба Монавия бештар муҳаққиқони аврупоӣ таваҷҷуҳ доранд, зеро ин оин бо дини масеҳӣ омехта шуда буд, аз ҷумла, бо ҷараёнҳои ирфонӣ он шабу рӯз.

"ХУДО ФАҚАТ МАНБАИ НУР АСТ"

Номи аслии Монӣ Зиндиқ бин Ҳумод аст ва, то ҳанӯз, вожаи «зиндиқӣ» ба маънои «ғайриисломӣ» истифода мешавад, мегӯяд донишманди тоҷик Саидаҳмади Қаландар. Ӯ иддаеро, ки гӯё Монӣ зодаи шимоли Чин аст, рад мекунад ва мегӯяд, ки фақат тамоюли наққошии ӯ бар пояи наққошиҳои ғарби Чин буд. Маъхазҳо ҳокиянд, ки Монӣ форснажод ва зодаи шаҳри Мадоин Баҳрайнуннаҳр (Ироқи имрӯз) аст. Ӯ ибтидо дар мактаби яҳудиҳои дини насрониро пазируфта омӯзиш дид ва бо масеҳият ошно шуд. Монӣ дини яҳудӣ ва мазҳаби аҷдодонаш зардушт, дини эрониҳои аҳди Сосониёнро, ҳам ба хубӣ омӯхта буд.

Саидаҳмади Қаландар

Саидаҳмади Қаландар

Саидаҳмади Қаландар меафзояд, Монӣ, ки ҳам Исои Масеҳ, ҳам Буддо ва ҳам Зардуштро эътироф мекард, бо истифода аз бардоштҳояш аз ин се дини нерӯманди он айём ойини навро таъсис кард. Ақидаи ӯ бар ду пояи асл - нуру зулмот бунёд шудааст. Дар таълимоташ Монӣ нуру зулмотро дар ибтидо аз ҳам ҷудо медонад ва рушноӣ тадриҷан бо зулмот омехта мешавад ва гоҳ нур пирӯз мешавад ва гоҳ зулмот, яъне Монӣ хушбахтиҳо ва бадбахтиҳо, адолат ва беадолатиҳо дар таърихи башариятро бо пирӯзҳои гоҳ-гоҳи нуру зулмот мехонад,

Саид Аҳмад, дигар донишманди тоҷик, ҳам мегӯяд, оини Монавӣ даъвои муттаҳидсозии ҳама динҳои замонаро мекард ва аз ҳар дин чизеро барои худ гирифта буд. Фалсафаи рӯшноиву зулмот аслан фалсафаи дини зардуштист ва таълимоти ахлоқии он бо хайру шарр робитаи мустаҳакам дорад, яъне бадӣ зулмот аст ва некӣ – нуру рӯшноӣ. Аз сӯи дигар, бино ба таълимоти Монӣ, Худо манбаи некӣ ва манбаи нур, манбаи хушбахтӣ ва хайр аст ва аз ин рӯ наметавонад манбаи бадӣ бошад. Ислом ҳам Худовандро фақат манбаи некӣ мехонад, меафзояд мусоҳиби мо.

ШОПУР ШЕФТАИ ОИНИ МОНАВӢ БУД?

Бино ба маъхазҳои таърихӣ, пайравони оини Монавӣ ду табақа буданд – яке, зоҳидон ё гӯшанишинҳо, ки мегуфтанд нури ҳақ фақат аз тариқи парҳезгорӣ насиб мешавад ва дуввумӣ - табақаи ом, мардуме, ки аз асли таълимот огаҳӣ надоштанд, вале эътиқодманд буданд. Барои табақаи ом ҳамеша парҳезгор будан шарт набуд, аммо онҳо бояд ба дайр ё маҳфиле, ки он ҷо зоҳидон мавъиза мехонданд, аз киштаҳои худ ё аз тавлидоти косибияшон чизеро ҳадя меоварданд.

Саид Аҳмадов

Саид Аҳмадов

Пайравони Монавия чор бор намоз мехонданд - рӯзона рӯ сӯи офтоб ва шабона – рӯ ба моҳтоб.

Дар рӯзи иди “Бимо” пайравони оин дар ҳузури рӯҳониён гуноҳҳои худро иқрор мекарданд.

Онҳо муваззаф буданд, ки моҳе ҳафт рӯз даст аз ғизо бардоранд. Монавиҳо тақвими худро доштанд, ки дар он солшуморӣ аз таваллуди Монӣ дар соли 216-и милод оғоз мешуд.

Шоҳаншоҳи Эрони аҳди Сосониён Шопури 1 шефтаи Монӣ буд ва аз ойини ӯ пайравӣ мекард, ин рӯ ба тарғиби Монавия дар салтанати бузургаш иҷоза дода буд.. Ақидаҳои монавия ба тадриҷ дар Бабилон ва вилоёти шарқии салтанати Рум ҳам паҳн шуданд. Монӣ баъдан барои тарғиби ақидаҳояш ба шарқ сафар кард ва то ба Хуросону Мовароуннаҳр расид. Замоне, ки ба Гундашопур, шаҳри бунёдкардаи шоҳ Шопур, баргашт, дар тахти шоҳаншонӣ Баҳром нишаста буд. Баъд аз баҳси тулонӣ шоҳ ӯро бекориву беҳудагӣ ва хиёнат ба ойини зардуштӣ айбдор кард ва амр намуд, ки Монӣ зиндонӣ ва занҷирбанд шавад. Баъд аз 26 рӯзи азият дар зиндон Монӣ аз олам даргузашт ва, бар пояи баъзе ривоятҳо, дар пӯсти ӯ коҳ ҷой карданд.

Монӣ ва Баҳром

Монӣ ва Баҳром

Маъхазҳои таърихӣ ҳокиянд, ки дар қарни 4 ҷомеъаҳои Монавия тақрибан дар ҳама қаламрави империяҳои Руму Сосонӣ арзи вуҷуд карданд. Нахустин амр алайҳи ин оин соли 297 аз сӯи императори Рим Диоклетиан содир шуд, сипас императорҳои насронӣ дар солҳои 326, 372, 381-383 талоши манъи ин ойинро карданд. Дар қарни 6 оини Монавӣ дар Ғарб рӯ ба таназзул ниҳод. Ҳамзамон дар давлати Сосониён ҳам мубориза бо гурӯҳҳои ғайризардуштӣ оғоз ёфт ва бештари пайравони Монавия маҷбур шуданд, ки ба Осиёи Миёна бикӯчанд ва Самарқандро маркази ойини худ интихоб кунанд. То Ислом монавиён дар Суғду Чоч (Тошканд) зиёд буданд ва муаррихон мегӯянд, ки ҷомасафедони Муқаннаъ ҳам аз монавиҳо буданд.

Ин оин дар қарнҳои 7 ва 8 ба Чин роҳ ёфт. Сарвари давлати уйғурҳо Бегю Қоғон соли 762 ин ойинро пазируфт ва Монавия тақрибан 80 сол дини расмии уйғурҳо буд. Баъдан як муддат Монавия дар давлати Гаочани уйғурҳо боқӣ монд ва дар Сибири ҷанубӣ ҳам паҳн шуд.

МОНАВӢ, ОИНЕ, КИ АЗ ОН ФАҚАТ ДУ МАЪБАД БОҚӢ МОНДААСТ

Аз қарни 9 таъқиби пайравони оин дар Чин шурӯъ шуд. Бо паҳн шудани дини ислом теъдоди монавиҳо коҳиш ёфт, вале дар Кошғару Хутан то истилои Чингизхон дар қарни 13 ибодатгоҳҳои монавӣ фаъолу пайравонаш зиёд буданд. Бино ба маъхазҳо, пайравони ин оин то қарни 14 дар Туркистону Чин ба сар мебурданд ва дар ин ҷо осори хаттии ойини Монавӣ низ ошкор шудааст.

Ягона дар ҷаҳон маъбади Монавия дар ноҳияи Тзинтзяни вилояти Футзян боқӣ мондааст, ки ҳоло ба ибодатгоҳи буддоиҳо табдил шудааст.

Тақрибан даҳ сол пеш бостоншиносон дар шаҳри Каялиқи Қазоқистон маъбадеро пайдо карданд, ки шабеҳи маъбади монавиҳо дар Тзинтзян аст. Дар деворҳои ин маъбад низ осори наққошӣ ошкор шудааст. Ин маъбад ҳам чаҳор толор дорад – толори мавъиза, толори насиҳат, толори дуову ниёиш ва омурзиши гуноҳ ва толори рамузоти ғайбӣ (мистерия). Айни ҳол ин ягона ёдгории оин дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Бостоншиносон яқин доранд, ки меъморону бунёдгарони ин маъбад – суғдиянд.

Саидаҳмади Қаландар бо ақидае, ки дар Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла, дар Тоҷикистон, пайравони ин оин боқӣ намондаанд, мувофиқ аст ва аммо, аз нигоҳи ӯ, санъати наққошии Монӣ дар Эрону Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ҳаводорони зиёд дорад. Ба гуфтаи ӯ, аз нимаи дуввуми қарни 9 ва ибтидои қарни 10 дар Эрону Мовароннаҳру Ҳиндустон дар санъати тасвирӣ услуби Монӣ ривоҷ ёфт. Яке аз бузургтарин мусаввирҳои услуби Монӣ дар қарни гузашта Муҳаммади Таҷвизӣ буд, ҳам девони Саъдӣ, осори Ҳофизу Мавлавию Хайём ва дигар бузургони шеъри Аҷамро оро додааст

Пажуҳишгарон мегӯянд, мусалмонҳо оини Монавиро ба адёни “аҳли Китоб” шомил накарданд ва агар ин иттифоқ ба вуқӯъ мепайваст, шояд ин дин, ки дар айёми зуҳур кардани дини муҳаммадӣ пайравони зиёд дошт, чун динҳои яҳудиву насронӣ ва зардуштӣ то имрӯз боқӣ мемонд...

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG