Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар арафаи мулоқоти анъанавии раисиҷумҳур бо аҳли зиё дар як маҳфили донишмандони тоҷик дар Душанбе мавзӯи «Зиёӣ дар пешорӯи тарс ва ҷасорат» баҳс шудааст.

Маҳфили «Ҷаҳони андеша» дар Академияи улум ин дафъа баҳсро сари мавзӯи «Зиёӣ дар пешорӯи тарс ва ҷасорат» кашид.​ Шодӣ Атоӣ, корманди Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон ва гузоришгари аслии маҳфиле, ки рӯзи 18 март баргузор гардид, зиёӣ будани ҳар сиёсатмадору олиму адибу омӯзгор ва муҳандисро зери суол бурд. Аз нигоҳи ӯ, зиёӣ бояд на фақат рисолату имкони пешбурди зеҳнию ақлонӣ, балки хислатҳое чун навгароиву ислоҳотхоҳиро доро бошад. “Дар замони истиқлолият дар Тоҷикистон, тавре ба назар мерасад ва мушоҳидаҳо низ инро собит мекунанд, тарси зиёӣ назар ба ҷасораташ бештар шудааст”, изҳор намуд Шодӣ Атоӣ.

Ӯ яке аз далелҳои аслии беҷуръату тарсу будани зиёиёнро, бо такя ба андешаҳои адиби тоҷик Аскар Ҳаким, ба сатҳи пасти иқтисодии ин қишри ҷомеа рабт дод. Дастнигариву муҳтоҷии зиёиён, ки, маъмулан, маоши андак мегиранд ва манбаъҳои дигари даромад надоранд, ҳамроҳ бо тарси ҳатто аз ҳамин манбаи ночизи пешбурди рӯзгор маҳрум мондан, низ ҷуръату ҷасоратро шадидан коҳиш додаанд.

Аммо, тавре дар маҳфил зикр шуд, ин мушкилиҳо хоси табақаи баъд аз дарёфти истиқлолият пайдо шуда – зиёии, ба таъбири шоир Зиё Абдулло, “авомуннос” ва ё “зиёии мулло”-ю “домуллозиёӣ” нест. Зимнан, ба гуфтаи Шодӣ Атоӣ, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бахши бузурги зиёиён зери таъсири рӯҳониӣни давр қарор гирифтанд ва радикалҳои рӯҳониро қудрати асосӣ донистанд”.

БӮҲРОНИ ҲУВИЯТ

Саодат Олимова

Саодат Олимова

Муаллифи чанд пажӯҳиши марбут ба зиёиёни тоҷик, номзади илмҳои ҷомеашиносӣ, Саодат Олимова, мегӯяд, зиёиён дар ҷомеаи кунунии Тоҷикистон мавқеи худро наёфтаанд ва дар ҳоле ки муносибат ба онҳо тағйир мекунад, онҳо аз рӯйи “инертсия” пеш мераванд. Аммо хонум Олимова дар ин на худи зиёиён, балки низомеро масъул медонад, ки дар кишвар шакл гирифтааст. Аз ин нигоҳ ҳатто мулоқоти раисиҷумҳур бо зиёиён низ ба як қолабе табдил ёфтааст, ки бояд машрӯъияти маънавии амалкардҳои ҳуккуматро нишон диҳад. "Яъне зиёиён чун куҳансолони ин диёр амалкарди ҳукуматро қонунӣ мегардонанд. Аммо онҳо ин корро на чун зиёиён балки чун афроди куҳансол анҷом медиҳанд. Тавре мебинем сину соли нафароне, ки дар ин мулоқот ширкат мекунанд, аксаран аз 70 боло аст. Ҷавонҳоро ку мо дар ин мулоқот намебинем».

Ба гуфтаи ин ҷомеашиноси тоҷик зиёиён дар Тоҷикистон нақши шукӯҳманди худро аз даст додаанд ва ҷомеа ниёзмандии хешро ба онҳо эҳсос намекунад. Аммо, профессор Иброҳим Усмонов мегӯяд, бо доир кардани мулоқот бо зиёиён ҳукумат мехоҳад, то сиёсаташро дар робита ба ҳаёти маънавии кишвар ба ин қишри ҷомеа расонад ва андешаи онҳоро низ дар ин маврид шунавад. Ҷаноби Усмонов гуфт, ки матбуот солҳост зиёиёнро ба беҷуръатӣ ва мадҳу санои беш аз ҳади ҳукумат зери тозиёнаи танқид мегирад, чандон дуруст нест: “Дар мулоқоти роҳбари давлат бо зиёиён ҳам проблемаҳои ҷиддӣ бардошта мешаванд. Онҳоро нодида гирифтан хуб нест. Аммо кам нестанд одамоне, ки аз зиндагиашон воқеан ризо ҳастанд ва агар онҳо як чизи мусбате гуфтанд, онро ба таври оддӣ бояд қабул кард. Чунки ҳама як хел фикр намекунанд”.

Аҳмадшоҳ Комилзода, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, на фақат мушкилоти иқтисодӣ, балки омилҳои дигар, аз ҷумла, саркӯбиҳои ҳукумат ва бархе аз гурӯҳҳои мусаллаҳ ҳам боиси шикастани рӯҳи зиёиёну рӯшанфикрон мешаванд. Ва ҳарчӣ бештари зиёиён рӯ ба тамаллуқ меоваранд ва ба ҳар атсаи ҳукумат “бале” мегӯянд, то аз онҳо кӯмаке ё пуштибоние бубинанд. “Зиёиёне, ки ғурури ба худ хос доранд, онҳо ҳам ақибнишинӣ кардаанд, зеро дар танҳоӣ коре аз дасташон намеояд ва хуб медонанд, ки барои ибрози ҳар ақидаи мухолифи давлат метавонанд боиси фишор қарор бигиранд”. Мусоҳиби мо аз як дӯсташ, устоди донишгоҳ, ёдовар шуд, ки ӯро баъд аз ибрози чанд ақидаи танқидияш дар бораи сиёсати ҳукумат на фақат ба нишастҳои расмӣ даъват намекунанд, балки ҳатто талошҳое барои аз раҳбарии кафедра берун карданаш шурӯъ шудаанд. “Барои баъзе аз зиёиён маҳрум мондан аз нишасту зиёфатҳои расмӣ – фоҷиаи сахт аст”, мегӯяд ӯ.

Бӯринисо Бердиева

Бӯринисо Бердиева

Аҳмадшоҳи Комилзода меафзояд, “фақат зиёиёну рӯшанфикрон, ки соҳиби донишу маърифатанд, метавонанд алайҳи мушкилиҳои ҷомеа, фасоду фақр ва аъмоли номатлуби мансабдорон садо баланд кунанд. Аз сӯи дигар, ҳукумат зиёиёнро беҳуда дар “оғӯши гарм”-и худ нигаҳ намедорад – мақомот хуб медонанд, ки маҳз онҳо тавони мардумро ба ин ё он роҳ бурданро доранд. Барои ҳамин талош мекунанд, ки онҳо аз хати кашидаашон берун бароянд”.

ГУЗАШТАИ БОШУКӮҲ

Бино бар таърихи кишвар, дар ҳама давру замон афроде буданду хоҳанд буд, ки ба мушкилот таслим намешаванд ва ҳарфи худро рӯшод ва камбудиҳоро бепарда мегӯянду аз ормонҳои миллӣ дифоъ мекунанд ва таври маъмул, бо нерӯи азиме чун сохторҳои қудратии давлат сар ба сар мешаванд. Аҳмадшоҳ Комилзода аз Бӯринисо Бердиева, сардабири вақти рӯзномаи “Маориф ва маданият” ёдовар шуд, ки чун зиёии воқеъӣ ва рӯшанфикри асил дар рӯ ба рӯи ҳизби абадқудрати коммунист истодагарӣ кард ва, аз ҷумла, ҳанӯз замони шӯравӣ ба эътирофи Наврӯз чун иди миллии тоҷикон муваффақ шуда буд. Замони шӯравӣ созмонҳое чун “Рӯ ба рӯ” ва “Растохез”, ки аз сӯи зиёиёну рӯшанфикрони тоҷик таъсис шуда буданд, дар саргаҳи муборизаҳо барои мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ ва истиқлоли Тоҷикистон буданд.

Дар ҳамин ҳол, Гулрухсор, шоираи маъруфи тоҷик мегӯяд, “тарс ва ҷасорат – ҳолатиянд, қаҳрамонро ҳам ҳолат таваллуд мекунад, тарсуро ҳам. Ҳароси зиёиён ҳам ҳароси ҳолат аст».

Гулрухсор

Гулрухсор

Аз нигоҳи шоира, “агар кас воқеъан зиёӣ бошад, ҳарос надорад, ӯ аз азал ин гуна сохта шудааст, ки сиёҳро “сиёҳ” мегӯяд ва сафедро “сафед”. Аз сӯи дигар, меафзояд Гулрухсор, “зиёӣ будан аз тарбия, аз зиндагӣ аз авлоду аҷдодаш вобаста аст. Аз як одами маъруф пурсидам, ки чаро ин ҳарфҳои тамаллуқомезро мезанӣ, охир ҳам чиз дорӣ? Гуфт, ки ман намехоҳам, вале маҷбурам мекунанд. Боз пурсидам, ки туро дар ин синну сол кӣ метавонад маҷбур кунад? Гуфт, ки 12 нафар аз аҷдодам соли 1937 кушта шудааст. Яъне, одамҳое ҳастанд, ки беҷуръативу даҳшату ҳарос дар хунашон аст».

Аммо Убайдуллоҳ Раҷабов, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, мегӯяд,таърих гувоҳ аст, ки зиёиён борҳо миллатро аз вартаи нобудӣ канор кашидаанд. “Искандари Мақдунӣ омаду хоки ватанамонро бехт, “хуб” гуфтем ва фарзандонамонро Искандар ном гузоштем, Чингизхон омаду миллатро қатли ом кард, вожаи “хон”-ро қабул кардем, русҳо ҳам омаданду бедодгариҳо карданд ва ба насабҳоямон пасоянди “ов”-ро ҳамроҳ кардем. Вале бо вуҷуди ин ҳама миллати мо тавассути зиёиёнаш тавонист, ки зинда монад ва боз қомати хамшудаи худро баланд кунад”.

Вале, ба гуфтаи Аҳмадшоҳи Комилзода, қомати миллат ҳоло он қадар хам шудааст, ки аз ин “остехандроз” наҷот ёфтанаш мушкил ба назар мерасад...Аз нигоҳи мусоҳиби мо, бояд рӯшанфикрон ҳукуматдоронро барои муколама дар мавриди мушкилоти ҷомеъа водор кунанд, “яъне, на аз тариқи гирдиҳамоӣ ё эътироз, балки аз роҳи гуфтугӯ ва ибрози назар дар расонаҳои кишвар”.

Олга Тутубалина

Олга Тутубалина

Бори аввал баҳси густурда дар атрофи ҷойгоҳи зиёиён дар ҷомеъаи Тоҷикистон моҳи июни соли 2013 баъд аз нашри як матлаби Олга Тутубалина дар “Азия Плюс” бо номи “Неинтеллигентно об интеллигенции” бархост. Дар он гузориш муаллиф пиромуни бозгашти шоири маъруф Бозори Собир баъди 19 соли ҳиҷрат бо истинод ба як гуфтаи асосгузори Иттиҳоди Шӯравӣ Владимир Ленин зиёиёнро бо наҷосат ташбеҳ кард.

Ба дунбол панҷ созмони илмиву эҷодӣ - Фарҳангистони улум ва Иттиҳодияҳои нависандагон, рассомон, оҳангсозон ва меъморони Тоҷикистон ҳамроҳ бо се нафари алоҳида -Дилбар Абдиева, Аскаралӣ Раҷабов ва Ҳикмат Раҳмат – ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ шикоят бурда, аз нашрия ва хабарнигораш ҷуброни товони маънавӣ талаб карданд. Даъвогарон гуфтанд, ки калимаи “наҷосат”, ки дар матлаби Тутубалина нисбат ба зиёиён истифода шудааст, “ба воқеъият дуруст намеояд” ва шаъну шараф ва эътибори рӯшанфикрон,як қишри ба обрӯи ҷомеаи Тоҷикистонро паст мезанад...

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG