Пайвандҳои дастрасӣ

Рустами Шоҳмурод, зимни суханронӣ дар ҳузури аъзои Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милал Ҳизби наҳзатро як сармоягузори терроризм хонд ва гуфт, бастани ин ҳизби як замон умдаи мухолиф дар кишвар ҳеҷ ихтилофе ба қонунҳои байналмилалӣ надорад. Вазири адлия зимни зикри талошҳои давлати Тоҷикистон барои мубориза бо терроризм ва решакан кардани ифротгароӣ гуфт,

“Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2015 ба зуҳуроти дигари ифротгароӣ ва терроризм рӯ ба рӯ шуд. Ошӯби мусаллаҳона ба раҳбарии муовини собиқи вазири дифоъ ва бо сармоягузории Ҳизби наҳзати исломӣ зиндагии даҳҳо нафарро аз байн бурд. Бо қарори Додгоҳи олӣ ин ҳизб, созмони террористӣ ва ифротгаро эълон шуд ва фаъолияташро дар Тоҷикистон мамнӯъ карданд. Бояд бигуям, ки эълони Ҳизби наҳзати исломӣ ба унвони созмони ифротгароӣ ва террористӣ комилан мутобиқ ба адҳномаҳои байналмилалии Созмони Милал дар бораи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоиталабист ва бар асоси Конвенсияи байналмилалии мубориза бо сармоягузории терроризм, аз ҷумла моддаи 5-уми ин конвенсия аст. “

Дар ошӯб ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода ва дар ду ҳамла ба шӯъбаи умури дохилии шаҳри Ваҳдат ва ба посгоҳе дар маркази шаҳри Душанбе ва дар хушунатҳои баъди он бештар аз 40 нафар кушта шуданд. Мақомот ҳамчунин баъди эълони Ҳизби наҳзат ба ҳайси созмони террористӣ 13 узви раёсати ҳизбро дастгир карданд ва айни замон муҳокимаи онҳо идома дорад. Худи онҳо аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзат, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон аст, мегуяд, ки ҳизби онҳо ҳеҷ иртиботе ба ошӯби Абдуҳалим Назарзода надорад.

Баъди суханронии Рустами Шоҳмурод, намояндаи Норвегия гуфт, кишвараш аз амалкардҳои ҳукумати Тоҷикистон ва бахусус саркӯби мухолифон ва ҳам вакилони дифои онҳо башиддат нигарон аст. Фиристодаи кишвар дар шӯро аз ҳукумати Тоҷикистон хост, тамоми онҳоеро, ки бо ангезаҳои сиёсӣ дастгир шудаанд, аз ҷумла 13 узви раёсати Ҳизби наҳзатро озод кунад. Намояндаи Белгия ҳам гуфт, бастани Ҳизби наҳзат кишварашро нигарон кардааст ва ин кор нақзи ҳуқуқи инсон ва аз ҷумла ҳуқуқи мазҳабӣ аст.

Аъзои кишварҳои дигар аз Тоҷикистон ҳамчунин хостанд, ки барои беҳбуд бахшидан ба ҳуқуқи инсон, таъмини озодии баён, аз байн бурдани шиканҷа талошҳои бештар ба харҷ бидиҳад. Аз ҷумла аз давлати Тоҷикистон хостанд, ки ҳукми қатлро, ки ҳоло дар кишвар иҷро намешавад ва нисбати он мораториё эълон шудааст, комилан аз қонунҳо бардоранд.

Вале Рустами Шоҳмурод вазири адлияи Тоҷикистон зимни суханронӣ гуфт, ки Тоҷикистон наметавонад, ҳукми қатлро якбора аз байн бардорад, зеро пули кофӣ барои нигаҳдории зиндониҳои хатарнок надорад ва аз байн бурдани ин ҳукм бояд ба тадриҷ сурат бигирад.

Юсуф Аҳмадзода - додситони кулли Тоҷикистон дар робита ба суолҳо дар бораи талошҳои ҳукумат барои мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ гуфт, ки ҳукумат тарҳи стротегияи мубориза бо ин зуҳурот барои солҳои 2016 -2020 омода карда ва дар шаҳри Вена дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо муаррифӣ кардааст.

http://webtv.un.org/live-now/watch/25th-session-of-universal-periodic-review/4473498426001

Дар идомаи баҳс дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, намояндаи Австралия аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ки озодии матбуотро таъмин намояд, чун дар ду соли ахир фишор ба хабарнигорон зиёд шудааст. Намояндаи Австрия гуфт, ки аз бад шудани озодии матбуот дар як соли ахир дар кишвар бисёр нигарон аст ва боздошти Зайд Саидов, вазири собиқи саноати Тоҷикистонро намунаи таъқиби дигарандешон ва мухолифони давлат номид. Зайд Саидов соли 2013 баъди эълони азмаш дар бораи таъсиси як ҳизби нави сиёсӣ боздошт карданд ва ӯро соли 2014 бо гуноҳҳои сангине ба мисли сӯистифода аз мақом ва таҷовуз ба номус ба 29 соли зиндон маҳкум карданд. Худаш мегӯяд, бегуноҳ аст ва азмаш барои таъсиси ҳизб сабаби ба зиндон андохтанаш шуд.

Намояндаи Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҳамсоя ва шарики муҳими иқтисодии Тоҷикистон, ҳукуматро ситоиш кард, ки камбизоатиро коҳиш додааст ва ҳамзамон аз кишварҳои ҷаҳон хост, ки ба Тоҷикистон, ки ба мушкилоти иқтисодӣ рӯ ба рӯ аст, кӯмак кунанд.

Рустами Шоҳмурод дар робита ба суоли баъзе аз ҳозирони шӯро дар бораи фаъолияти созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ки шикоят аз фишор ба онҳо зиёд аст, гуфт, мақомот дар як сол фақат 2 ё 3 дар сади созмонҳоро тафтиш мекунанд. Ба гуфтаи вай, соли 2015 нозирони кумитаи андоз зимни тафтиши баъзе аз созмонҳои ғайриҳукуматӣ 118 ҳазор сомонӣ андози напардохта ошкор шудааст ва "ин тафтишҳо барои маҳдуд кардани фаъолияти созмонҳои ғайриҳукуматӣ сурат намегирад."

Ҳайати расмии Тоҷикистон айни замон дар шаҳри Женева гузориши миллии кишвар дар бораи таъмини озодӣ ва риояти ҳуқуқи инсонро муаррифӣ кард ва ба суолҳои аъзои шӯро посух дод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG