Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Суолҳои "сахт" ба Тоҷикистон дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари СММ


Намояндагони Тоҷикистон ҳангоми посухгӯӣ ба суолҳо дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ. 15 марти 2012

Намояндагони Тоҷикистон ҳангоми посухгӯӣ ба суолҳо дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ. 15 марти 2012

Мақомоти Тоҷикистон худро барои ҷавоб гуфтан ба саволҳои намояндагони Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид омода мекунанд.

Ҳафтаи оянда дар шаҳри Женева, дар Швейтсария, нишасти 25-уми Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид баргузор хоҳад шуд. Қарор аст, рӯзи 6 май намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ба намояндагони Шӯро бигӯянд, ки аз соли 2010 то соли 2015 барои беҳтар шудани вазъи ҳуқуқи мардум чӣ корҳоеро анҷом додаанд?

Дар гузорише, ки ба аъзои Шӯро пешниҳод кардаанд ва дар ихтиёри Озодӣ низ ҳаст, як ба як зикр шудааст, ки Тоҷикистон дар кадом самтҳо натавонистааст, тавсияҳои Созмони Милал барои беҳтар шудани ҳуқуқи инсонро дар солҳои гузашта иҷро кунад ва ё баръакс дар баъзе аз самтҳо ақибнишинӣ кардааст. Дар ин гузориш аввал аз он гуфта шудааст, ки дар Тоҷикистон баробарии зану мард риоя намешавад, мардсолорӣ ҳамчунон роиҷ аст ва ҳукумат барои боло бурдани мақоми зан ва аз байн бурдани хурофоту ақидаҳои кӯҳна нисбат ба зан талошҳои кофӣ ба харҷ надодааст.

Дар шарҳи ин мавзӯъ як манбаъ дар Вазорати адлия ба Озодӣ гуфт, “эродҳои намояндагони Созмони Милал дуруст аст, вале Тоҷикистон ба қадри тавонаш тавсияҳо барои боло бурдани ҳуқуқи зан ва аз байн бурдани нобаробариро иҷро мекунад. Барои иҷрои ҳамаи онҳо мо ба вақт зарурат дорем. Мо дар як шаб ҳамаи чизро гулгулшукуфон карда наметавонем.”

Аз никоҳи исломӣ то ҲНИТ

Элизабет да Кошта, гузоришгари СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Миёна зимни мулоқот бо мақомоти тоҷик. Моҳи марти 2016

Элизабет да Кошта, гузоришгари СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Миёна зимни мулоқот бо мақомоти тоҷик. Моҳи марти 2016

Нигаронии дигари Созмони Милал ин аст, ки издивоҷи бармаҳал ва бисёрзанӣ дар Тоҷикистон ҳамчунон зиёд аст. Бо вуҷуди онки никоҳи исломии ҷуфти оянда бе доштани санади ақди никоҳ мумкин нест, аммо ба гуфтаи Шӯрои ҳуқуқи башар муллоҳо дар кишвар ин корро пинҳонӣ анҷом медиҳанд. Мусоҳиби Озодӣ дар Вазорати адлия гуфт, дар Тоҷикистон ба рӯҳониён дастур додаанд, ки бе санади ақди никоҳи расмӣ ҳеч ҷуфтро никоҳи исломӣ накунанд ва ин дастур дар ҳамаи ҷои кишвар риоя мешавад.

Дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал масъалаи бастани ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ҳоло аз сӯи Додгоҳи олӣ созмони террористӣ ва мамнӯъ эълон шудааст, низ матраҳ хоҳад шуд. Дар гузориши пешниҳодшуда ба шӯро омадааст, ҳизби наҳзати исломӣ дар интихоботи порлумонии соли 2015 аз курсиҳояш дар Маҷлиси Намояндагон маҳрум шуд ва сипас баъди ошӯби хунини Абдуҳалим Назарзода дар моҳи сентябр созмони террористӣ эълон гардид. Айни замон муҳокимаи 13 узви раёсати ҳизб идома дорад.

Суолҳои пешакии Норвегия ва Амрико

Давлати Норвегия, як узви Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал бо ирсоли пешакии суол дар бораи ин қазия аз ҳукумати Тоҷикистон пурсидааст, ки оё ба муҳокимаи ин афрод хабарнигоронро роҳ медиҳад ва агар не чаро? Намояндагони Амрико низ бо ирсоли суолҳои худ дар бораи риояи ҳуқуқи мазҳабӣ дар Тоҷикистон гуфтаанд, аз он нигаронанд, ки Тоҷикистон бо баҳонаи ифротгароӣ ва терроризм озодии баён ва озодии суханро маҳдуд мекунад. Намояндагони Амрико аз Тоҷикистон пурсидаанд, ки барои тазмини фаъолияти озоди мухолифон, ки барои ҷомеаи солиму амн ва демократӣ лозим аст, дар оянда чӣ корҳоеро анҷом доданӣ ҳастанд?

Яке аз ҳафт суоли фиристодаи Амрико баррои баррасӣ дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал ин аст, ки Тоҷикистон барои баҳси озод дар бораи ислоҳоти пешниҳодӣ ба Қонуни асосӣ ё Конститутсия чӣ корҳоеро анҷом медиҳад, то мардум тавонанд, интихоби дуруст кунанд.Айни замон мақомоти Амрико ба давлати Тоҷикистон ҳушдор додаанд, ки раъйпурсии рӯзи 22 майро дар фазои боз ва бо баҳси созанда баргузор кунад. Дар сурати қабули ислоҳот ба Конститутсия сини номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ аз 35 то 30 поин омада, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имкон пайдо хоҳад кард, ба таври номаҳдуд номзадиашро ба мақоми президентӣ пешбарӣ намояд.

Шиканҷа дар зиндон ва... артиш

Дар баробари масоили сиёсӣ, намояндагони ҳукумати Тоҷикистон аз ҷумла бояд дар бораи талошҳо барои аз байн бурдани бадрафториву шиканҷа дар боздоштгоҳу зиндонҳо низ сӯҳбат кунанд. Намояндагони Олмон хостаанд, Тоҷикистон ин масъаларо шарҳ диҳад, ки оё ба Созмони Байналмилалии Салиби Сурх иҷозаи вуруд ба зиндонҳоро медиҳад? Талабе, ки давлати Тоҷикистон солҳост рад мекунад.

Дар гузориши пешниҳодшуда ба Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал омадааст, ки ҳукумати Тоҷикистон натавонистааст, ин зуҳуроти манфиро аз байн барад ва мақомоти интизомӣ, ки муттаҳамон ба ҷиноят ё боздоштшудаеро азоб медиҳанд, беҷазо мемонанд. Масъалаи

Наздикони сарбоз Фирдавс Раҳматов дар сӯги ӯ нишастаанд

Наздикони сарбоз Фирдавс Раҳматов дар сӯги ӯ нишастаанд

бадрафторӣ ва ҳалокати сарбозон низ, ки солҳои ахир гузоришҳо дар ин бора бештар мешаванд, дар рӯзномаи ҷаласа зикр шудааст ва дар гузориши Созмони Милал гуфта мешавад, ки ин зуҳуроти бад ҳамчунон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон зиёд аст ва бояд аз байн бурда шавад.

Таъмини маъюбон

Дар бораи ҳуқуқи иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум дар Тоҷикистон ҳам дар гузориш омадааст, ки ҳукумат бояд талошҳоро барои таъмини ҷавонону занон ва маъюбон зиёдтар кунад. Ба занҳо имкон дода шавад, ки дар ҳаёти сиёсии ҷомеа нақши фаъолтар иҷро кунанд ва ҳизбҳоро ташвиқ намоянд, ки занонро ҳам ба ҳайси номзад ба мақоми вакилӣ ва раёсати ҷумҳур пешбарӣ намоянд.

Тоҷикистон даъфаи ахир ва соли 2012 дар ҳузури намояндагони Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милал доир ба дастовардҳояш дар заминаи риояи ҳамаҷонибаи ҳуқуқи инсон дар кишвар гузориш дод.

Давлати Тоҷикистон барои таҳия гузориши солонаи худ оид ба вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвар як комиссияи вижаеро бо шумули масъулони Вазорати адлия, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи дин ва Додситонии кулл таъсис додааст. Суҳайлӣ Қодиров, масъули идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфта буд, гузориш дар ҳоли такмилшавӣ қарор дорад. Ба ҷуз аз гузориши мақомот доир ба вазъи ҳуқуқи инсон, инчунин гузориши алтернативӣ аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон таҳия мешавад. Коршиносони СММ ин гузоришро, ки аз сӯи созмонҳои ғайридавлатӣ таҳия мешавад, низ хоҳанд шунид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG