Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Артиши Афғонистон хабар дод, ки бар асари зарбаҳои нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии кишвар ба мавқеъҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” (ДИИШ) дар вилояти Нангарҳор, воқеъ дар шарқи кишвар, дасти кам 40 тан аз ситезаҷӯён кушта шуданд.

Намояндаи вазорати мудофиаи Афғонистон рӯзи 15 апрел хабар дод, ки ин зарбаҳо шоми панҷшанбе ба волусволии Ачин зада шуданд. Чанд тан аз ситезаҷӯён ҷароҳат бардоштаанд.

Волии Нангарҳор Ғолиб Муҷоҳид мегӯяд, зарба дар ҳоле зада шуд, ки ситезаҷӯён дар мавзеи Пиха Латтабанд ҷамъ омада буданд. Ба гуфтаи ӯ, бештари кушташудагон хориҷӣ буданд ва сокинони маҳаллӣ ҷасадҳои онҳоро ҷамъ оварда ба хок супурданд.

Дар Нангарҳор аз ин пеш ҷангҳои шадид миёни ситезаҷӯёни “Давлати исломӣ” ва “Толибон” сурат гирифтанд.

XS
SM
MD
LG