Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқот бо меҳмонон аз Ҷопон дар Кумитаи олимпии Тоҷикистон


Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мулоқот бо ҳайати меҳмонон аз Донишгоҳи Тсукубаи Ҷопон баргузор шуд.

Ҳайати меҳмонон аз Донишгоҳи Тсукубаи Ҷопон таҳти сарварии профессор Санада Ҳисаши, раҳбари факултаи тандурустӣ ва тарбияи ҷисмонӣ, раиси Академияи байналмилалии Тсукуба оид ба илмҳои варзиш, мушовири мудири иҷроияи Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020, рӯзи 15 март ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ) ташриф овард.

Меҳмононро Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли КМОТ, хайра мақдам гуфт ва дар бораи дастовардҳои варзишгарони тоҷик ба онҳо иттилоъ дод. Ӯ гуфт, ки намуди маъмули ҷопонии варзиш – ҷудо - дар баробари бокс, гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, таэквондо WTF ва варзиши сабук дар Тоҷикистон намуди афзалиятнок ба шумор меравад. Дар ин ришта Расул Боқиев барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии соли 2008 дар Пекин гардидааст. Алъон ҷудочиёни барои дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи Рио-де-Жанейрои Бразилия мубориза мебаранд.

Зимни мулоқот Санада Ҳисаши дар бораи фаъолият ва дастовардҳои Донишгоҳи Тсукубаи Ҷопон нақл кард. Ӯ иброз дошт, ки се дастпарвари донишгоҳ соҳиби ҷоизаҳои Нобел гардидаанд. Донишгоҳ дар риштаи варзиш низ дастовардҳои бузург дорад. Беш аз 60 варзишгари донишгоҳ ғолибон ва ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ мебошанд.

Ҷаноби Ҳисаши таъкид намуд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон тибқи шартнома имкон доранд дар ин донишгоҳ дар риштаҳои мухталиф таҳсил намоянд.

Баъдан раҳбари ҳайати меҳмонон дар бораи омодагиҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2020, ки дар шаҳри Токио баргузор мегарданд, маълумоти муфассал дод.

Ба ҳайати меҳмонон, инчунин шаҳрванди Тоҷикистон, профессори Академияи байналмилалии Тсукуба оид ба илмҳои варзиш, факултаи тандурустӣ ва илмҳои варзиши Донишгоҳи Тсукуба Зубайдулло Убайдуллоев (ҳамоҳангсози сафар), Эгами Изуми - устоди факултаи тандурустӣ ва тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи Тсукуба, Ямамото Саюри - мураббии ҷудо дар донишгоҳи Тсукуба, Кондо Шун-донишҷӯи соли дуюми магистратураи тандурустӣ ва илмҳои варзиши Донишгоҳи Тсукуба дохил буданд.

Баҳрулло Раҷабалиев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ иброз дошт, ки мулоқоти меҳмонон аз Ҷопон бо роҳбарият ва кормандони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои минбаъдаи судманд ва татбиқи созишномаҳои ҳарду кишвар дар соҳаи варзиш ва ҳаракати олимпӣ самараи нек хоҳад дод.

Ҳамчунин меҳмонон аз Донишгоҳи Тсукубаи Ҷопон аз Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон дидан карданд. Профессор Шодӣ Сафаров, раиси ин донишкада, ба меҳмонон дар бораи таърих ва дастовардҳои шогирдони донишкада нақл намуд ва онҳоро бо шароити таҳсил ва машқ дар ин боргоҳи илму ҳунар ошно кард.

XS
SM
MD
LG