Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихроҷи садҳо муҳоҷир аз Перм


Ихроҷи як гурӯҳи муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ
Ихроҷи як гурӯҳи муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ

Аз авввали сол танҳо дар кишвари Перми Русия ҳукми ихроҷи 405 муҳоҷири ғайриқонунӣ содир шудааст. Аз ин шумор дар ду моҳи январу феврал 52 нафар, аксар шаҳрвандони Узбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро аз ҳудуди ин вилоят берун кардаанд.

Хадамоти приставҳои Перм рӯзи 14 март хабар дод, ки дар соли 2015 аз ин минтақаи Русия 491 муҳоҷири хориҷиро ба далели нақзи қонунҳои муҳоҷират ихроҷ карданд. Аз ин шумор 198 нафараш аз Узбакистон, 107 тан аз Тоҷикистон ва 100 ихроҷшуда аз Қирғизистон будаанд.

Ҷамъи шаҳрвандони тоҷике, ки аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудаанд, то 1 январ ба 331 391 нафар расида буд.

XS
SM
MD
LG