Пайвандҳои дастрасӣ

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи бози ҷудои Аврупо дар Ҷумҳурии Чех бе медал монданд.

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи бози ҷудои Аврупо, ки рӯзҳои 27-28 феврал дар Ҷумҳурии Чех баргузор шуд, боз ба нокомӣ дучор шуданд. Ин чаҳорумин мусобиқаи байналмилалӣ барои ҷудочиёни тоҷик дар мавсими имсола ба шумор мерафт. Мусобиқа танҳо миёни мардон дар 7 вазн сурат гирифт.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа низ чаҳор гуштигири маъруфи кишвар намояндагӣ кард. Фарҳод Раҳимов дар вазни то 81 кило, ки ҳамагӣ 47 гуштигир буд, дар даври аввал бар Милан Коллер аз Маҷористон ғолиб омад, вале дар даври дувум аз Дагвасурен Нямсурен аз Муғулистон мағлуб гашт.

Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило (ҳамагӣ 44 гуштигир), ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум аз Гари Ҳолл аз Бритониёи Кабир шикаст хӯрд.

Саидҷалол Саидов дар вазни то 100 кило (ҳамагӣ 26 гуштигир) дар нахустин қувваозмоияш аз Ҷулиано Лопорчио аз Италия мағлуб гашт.

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни беш аз 100 кило (ҳамагӣ 24 гуштигир) дар аввалин рақобати худ бар Ҷозе Куевас аз Мексика дастболо шуд, вале дар даври баъдӣ аз Сослан Бостанов аз Русия шикаст хӯрд.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки 268 варзишгар аз 52 кишвари ҷаҳон ширкат дошт, ҷудочиён, инчунин, барои Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия имтиёзҳои олимпӣ ба даст оварданд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷумҳурии Чех бо ду медали тилло, як медали нуқра ва як медали биринҷӣ мақоми аввалро касб кард. Мунтахаби Озарбойҷон ва мунтааби Италия бо натиҷаҳои баробар - як медали тилло ва як медали биринҷӣ - дувум шуданд. Дастаҳои мунтахаби Миср, Руминия ва Словения ҳар кадом бо як медали тилло дар ҷойгоҳи чаҳорум қарор гирифтанд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи бози ҷудои Аврупо байни мардон:

60 кг
1. ПЕТРИКОВ Павел (Ҷумҳурии Чех)
2. РЕВОЛ Кедрик (Фаронса)
3. БАЙЯРА Амартувшин (Муғулистон)
3. ГАНБААТАР Баттулга (Муғулистон)

66 кг
1. ҶЕРЕБ Андраз (Словения)
2. ДОВДОН Алтансух (Муғулистон)
3. ХАЧАТРИАН Геврорг (Украина)
3. ТЕМИРОВ Тимур (Русия, Санкт-Петербург)

73 кг
1. АЗОИДИС Георгис (Юнон)
2. СЗВАРНОВИЦКИ Дамиан (Лаҳистон)
3. ИСОЕВ Мансур (Русия)
3. ОНДАР Саян (Русия)

81 кг
1. МАРКОНСИНИ Маттео (Италия)
2. МУСИЛ Ҷаромир (Ҷумҳурии Чех)
3. КОЛЛИН Беноит (Фаронса)
3. ПЕТР Иван (Ҷумҳурии Чех)

90 кг
1. МЕҲДИЕВ Маммадалӣ (Озарбойҷон)
2. РУИЗ ЗАЯТС Давид (Испания)
3. БАУЗА Каролис (Литва)
3. ТСИЕЧОМСКИ Патрик (Лаҳистон)

100 кг
1. КРПАЛЕК Лукас (Ҷумҳурии Чех)
2. БИЛОЛОВ Ниёз (Русия)
3. КХУТАГ Тсогтгерел (Муғулистон)
3. ЛОПОРЧИО Ҷулиано (Италия)

+100 кг
1. НАТЕА Даниел (Руминия)
2. БОСТАНОВ Сослан (Русия)
3. КОКАУРИ Ушанги (Озарбойҷон)
3. КОАКОВЕТСКИЙ Лурий (Қирғизистон)

XS
SM
MD
LG