Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машварати Эмомалӣ Раҳмон бо сарони ниҳодҳои қудратӣ


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 10-уми феврал бо сарони ниҳодҳои қудратии кишвар машварати корӣ доир намудааст. Тибқи иттилои Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин машварат сарони вазоратҳои дифоъ ва умури дохилӣ, КДАМ, Горди миллӣ, Оҷонсии мубориза бо фасод, Оҷонсии мубориза бо маводи нашъаовар ва дигар ниҳодҳои қудратӣ, ширкат доштаанд. Ба иттилои манбаъ, дар ин нишаст вазъи минтақа ва ҷаҳон ва ҳамин тавр ҳифзи марзи кишвар ва омодагиҳои нерӯҳои кишвар барои ҳар гуна муқобила бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ ба мисли терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ ва ҷиноятҳои иқтисодӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар ин машварат ҳамчунин ба ҳифзи марзи Тоҷикистон ва Афғонистон таъкид шудааст.

XS
SM
MD
LG