Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мунтахаби футзали Тоҷикистон аз тими миллии Узбакистон бо ҳисоби бузурги 2:11 шикаст хӯрд.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дувуми дӯстонаро бо тими миллии Узбакистон, ки шоми панҷшанбеи 28 январ дар маҷмааи варзишии “Узбекистон”-и шаҳри Тошканд баргузор шуд, бо ҳисоби бузурги 2:11 бохт. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Дилшод Саломов ва Раҳмоналӣ Шарифов ба ҳадаф расонданд.

Бозии дувуми дӯстона

Узбакистон – Тоҷикистон – 11:2

Голҳо: Дилшод Ирсалиев 5, - 1:0. Фарҳод Абдумавлонов 8, - 2:0. Дилшод Саломов 8, - 2:1. Артур Юнусов 9, - 3:1. Раҳмоналӣ Шарифов 14, - 3:2. Константин Свиридов 20, - 4:2. ФайзалӣРаҳмонов 25 автогол, 5:2. Фарҳод Абдумавлонов 28, - 6:2. Дилшод Раҳматов 32, - 7:2. Фарҳод Абдумавлонов 32, - 8:2. Фарҳод Абдумавлонов 37, - 9:2. Константин Свиридов 40, - 10:2. Андрей Шлёма 40, - 11:2.

Узбакистон: 12.Клим Тюгаев, 11.Артур Юнусов, 14.Константин Свиридов, 7.Дилшод Раҳматов, 8.Фарҳод Абдумавлонов.
Бозигарони захиравӣ: 1.Акмал Ҳазратқулов, 2.Дилшод Ирсалиев, 3.Нодир Элибоев, 4.Фирӯз Фахриддинов, 5.Даврон Чориев, 9.Андрей Шлёма, 10.Ҷамолиддин Шарипов, 15.Жавлон Аноров.

Сармураббӣ: Хосе Мария Мендес.

Тоҷикистон: 1.Фирӯз Бекмуродов, 10.Мансур Маметбобоев, 13.Шавкат Ҳалимов, 14.Дилшод Саломов, 11.Меҳрубон Тиллозода.

Бозигарони захиравӣ: 2.Муродулло Алиқулов, 3.Фирӯз Юсуфзода, 4.Собир Гуляков, 5.Раҳмоналӣ Шарифов, 6.Некрӯз Алимаҳмадов, 7.Муҳаммад Раҳмонов, 8.Арсен Фармонбеков, 9.Файзалӣ Сардоров, 12.Акбар Ортуқов.

Сармураббӣ: Ҳусейн Шодиев.

Доварон: Умед Пӯлодов, Искандар Зоидов, Илҳом Абдулҳақов (ҳама аз Узбакистон).

28 январ. Тошканд. Маҷмааи варзишии «Узбекистон».

Ёдовар мешавем, бозии аввали дӯстонаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо тими миллии Узбакистон, ки шоми чоршанбеи 27 январ дар маҷмааи варзишии “Узбекистон”-и шаҳри Тошканд баргузор шуда буд, бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Ҳисобро Нодир Элибоев, бозигари мизбонон, дар дақиқаи 7-ум боз кард. Баъди чаҳор дақиқа голи ҷавобии мунтахаби Тоҷикистонро Дилшод Саломов ба ҳадаф расонд.

Ин бозиҳои дӯстона барои тимҳои миллии ҳарду кишвар як давраи омодагӣ ба мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2016, ки аз 10 то 21 феврал дар Тошканд барпо мегардад, маҳсуб меёфтанд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “С” бо дастаҳои Тайланд, Ветнам ва Тайван рақобат мекунад. Нахустин бозии мунтахаби Тоҷикистон 11 феврал муқобили тими Тайланд шурӯъ мешавад. Рӯзи 13 феврал футболбозони тоҷик бо мунтахаби Ветнам ва дар даври ниҳоии гурӯҳӣ 15 феврал бо дастаи Тайван бозӣ хоҳанд кард. Ҳамаи бозиҳо бо ширкати мунтахаби Тоҷикистон дар маҷмааи варзишии «Универсал»-и Тошканд баргузор мешаванд.

Мунтахаби Узбакистон бошад, дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Лубнон, Қирғизистон ва Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад.

Бар асоси қуръакашӣ дастаҳо ба чаҳор гурӯҳ тақсим шудаанд. Ҳар як гурӯҳ аз чаҳор даста иборат аст. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳ меёбанд. Дар мавриди ба даври чорякфинал баромадан рақиби мунтахаби Тоҷикистон аз гурӯҳи «D» мешавад, ки ба он дастаҳои Австралия, Малайзия, Қатар ва Ҷопон дохиланд.

Бояд гуфт, ки панҷ дастаи беҳтарини қаҳрамонии Осиё дар Узбакистон соҳибони роҳхатҳо барои ширкат дар қисми ниҳоииқаҳрамонии ҷаҳон-2016 оид ба футзал мегарданд, ки аз 10 сентябр то 2 октябр дар Колумбия баргузор хоҳад шуд.

Ҳайати мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2016:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («ДИСИ Инвест»), Муродулло Алиқулов («Газпром»), Фирӯз Юсуфзода («Соро компания»);

Бозигарон дар майдон: Мансур Мамедбобоев («Бонки миллӣ»), Некрӯз Алимаҳмадов, Файзалӣ Сардоров (ҳарду – ТКБ «Лизинг»), Арсен Фармонбеков, Собирҷон Гуляков, Шавкат Ҳалимов, Муҳаммад Раҳмонов, Раҳмоналӣ Шарифов (ҳама – «ДИСИ Инвест»), Дилшод Саломов, Меҳрубони Тиллозода (ҳарду – «Газпром»), Акбарҷон Ортиқов («Соро компания»).

Тақвими бозиҳои қаҳрамонии Осиё-2016 оид ба футзал

Гурӯҳи «А»: Арабистони Саудӣ, Қирғизистон, Лубнон, Узбакистон.

Гурӯҳи «В»: Ироқ, Урдун, Чин, Эрон.

Гурӯҳи «С»: Ветнам, Тайван, Тайланд, Тоҷикистон.

Гурӯҳи «D»: Австралия, Қатар, Малайзия, Ҷопон.

Бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ

10 феврал (чоршанбе)

16:00 – Ироқ – Чин

16:00 – Лубнон – Қирғизистон

19:00 – Урдун – Эрон

19:00 – Узбакистон – Арабистони Саудӣ

11 феврал (панҷшанбе)

16:30 – Тайланд – Тоҷикистон

16:30 – Ҷопон – Қатар

19:00 – Ветнам – Тайван

19:00 – Австралия – Малайзия

12 феврал (ҷумъа)

16:30 – Чин – Эрон

16:30 – Арабистони Саудӣ – Лубнон

19:00 – Урдун – Ироқ

19:00 – Қирғизистон – Узбакистон

13 феврал (шанбе)

16:30 – Тайван – Тайланд

16:30 – Малайзия – Ҷопон

19:00 – Тоҷикистон – Ветнам

19:00 – Қатар – Австралия

14 феврал (якшанбе)

16:30 – Эрон – Ироқ

16:30 – Чин – Урдун

19:00 – Узбакистон – Лубнон

19:00 – Қирғизистон – Арабистони Саудӣ

15 феврал (душанбе)

16:30 – Ҷопон – Австралия

16:30 – Малайзия – Қатар

19:00 – Тайланд – Ветнам

19:00 – Тайван – Тоҷикистон

Бозиҳои чорякниҳоӣ

17 феврал (чоршанбе)

16:00 – 1 «А» — 2 «В»

16:00 – 1 «С» — 2 «D»

19:00 – 1 «В» — 2 «А»

19:00 – 1 «D» — 2 «С»

Плей-офф барои ҷойи 5-ум

18 феврал (панҷшанбе)

16:00 – Мағлубшудаи 1 «А»/2 «В» — Мағлубшудаи 1 «С»/2 «D»

16:00 – Мағлубшудаи 1 «В»/2 «А» — Мағлубшудаи 1 «D»/2 «С»

19 феврал (ҷумъа)

Бозӣ барои ҷойи 5-ум

16:00 – Ғолиби 1 «А»-2 «В»/1 «С»-2 «D» — Ғолиби 1 «В»-2 «А»/1 «D»-2 «С»

Бозиҳои ниманиҳоӣ

16:00 – Ғолиби 1 «А»/2 «В» — 1 «С»/2 «D»

19:00 – Ғолиби 1 «В»/2 «А» — 1 «D»/2 «С»

21 феврал (якшанбе)

16:00 – Бозӣ барои ҷойи севум

19:00 – Бозии ниҳоӣ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG