Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷмаи парлумонии туркзабонҳо оғоз ёфт


Конфронси Маҷмаи парламонии туркзабонон дар Остона
Конфронси Маҷмаи парламонии туркзабонон дар Остона

Иҷлоси шашӯми Маҷмаи парлумонии кишварҳои туркзабон дар Остона-пойтахти Қазоқистон ба кор шуруъ кард. Дар ҳоле ки муносибатҳои миёни Туркия ва Русия барои сарнагун сохтани ҳавопаймои Русия ба сардӣ гароидааст, ҳайатҳои парлумонии Озарбойҷону Қазоқистон ва Қирғизистону Туркия 3 декабр барои ҷаласаи дурӯза гирдиҳам омадаанд.

Русия бар зидди Туркия таҳримҳо эълон кардааст ва ба аҳолии туркзабони худ дар минтақаҳои Олтой, Бошқирдистон, Хакасия, Тотористон ва Ёқутисон дастур додааст, ки робитаҳои худро бо Созмони фарҳагии туркзабонон бо номи Турксой дар Анкара қатъ кунанд.

Қазоқистону Қирғизистон як ҷо бо Русия узви Созмони ҳамкории иқтисодии АвруОсиё ҳастанд. Маҷмаи порламонии кишварҳои туркзабон бо ташаббуси Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон ташкил шуд ва аз соли 2009 фаъолият мекунад. Маҷористон соли 2014 чун кишвар нозир ба ин маҷмаъ ҳамроҳ шуд.

XS
SM
MD
LG