Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти амниятии Афғонистон мегӯянд, ки дар ду инфиҷори ҷудогона дар шаҳри Кобул 11 нафар кушта ва се тани дигар захмӣ шудаанд. Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, қурбониёни ин рӯйдодҳо афроди мулкӣ будаанд.

Вай афзуд, "инфиҷори нахуст аз маводи инфиҷории ҷойгузоришуда дар як деги бухор дар ҳавзаи панҷуми амниятии Кобул дар назди Донишгоҳи таълиму тарбияи Бурҳониддин Раббонӣ рух дода ва бар асари он 3 тан кушта ва як нафар захмӣ шуданд. Дар инфиҷори дигар 8 нафар, аз ҷумла, се кӯдак ҷон бохтаанд." То ҳол ҳеч гурӯҳе масъулияти ин таркишҳоро ба ӯҳда нагирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи гузашта дар вилояти Фарёб, дар шимоли Афғонистон, чархболи Артиши миллии ин кишвар бар асари ҳамлаи Толибон осеб дида ва иҷборан фуруд омадааст. Пас аз фуруд омадан чархбол оташ гирифта, 17 мусофири он - низомиёни афғон ҷон ба саломат бурдаанд. Бар асоси гузоришҳои расида аз вилояти Фарёб, ҷангиёни Толибон 17 тан аз мусофирони ин чархболро, ки гуфта мешавад, ду нафари онҳо шаҳрвандони хориҷӣ будаанд, ба асорат гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG