Пайвандҳои дастрасӣ

Дар заминларзаи Афғонистону Покистон 280 нафар ҷон бохтаанд


Дар Покистон бар асари заминларза 201 нафар ба ҳалокат расидаанд

Дар Покистон бар асари заминларза 201 нафар ба ҳалокат расидаанд

Созмони Милали Муттаҳид ва Русия эълон карданд, ки дар сурати дарёфти дархости Афғонистону Покистон омода ҳастанд ба осебдидагони зилзилаи шадид дар ин ду кишвари девор ба девор ёрӣ кунанд.

Созмони Милали Муттаҳид эълом кард, омода аст ба Покистону Афғонистон дар рафъи оқибатҳои заминларзаи шадид (7,5 дараҷаи Рихтер), ки бар асари он 280 нафар кушта шуданд, кумак расонад. Дар ин замина Стефан Дюжаррик, намояндаи расмии дабири кулли Созмони Милал ба хабарнигорон иттилоъ дод. Ӯ гуфт, ки "дар сурати дархости расмӣ СММ омода аст билофосила кумак расонад".

Ин намояндаи дабири кулли СММ гуфт, феълан созмонҳои кумакрасони ин ниҳод ба ҷамъоварии маводи лозима шурӯъ карда ва дар ҳолати зарурӣ ин маводро ба манотиқи осебдида аз офати табиӣ эъзом хоҳанд кард. Ҳамзамон, ҷаноби Дюжаррик таъкид кард, ки “ба далели поин будани зичии аҳолӣ” шумори фавтидагон камтар будааст.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати вазъияти фавқулоддаи Русия низ эълом кардааст, омода аст ба осебдидагони заминларза дар Афғонистону Покистон кумак кунад.

Заминларза бо нерӯи 7,5 дараҷаи Рихтер соати 14:09 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар кӯҳҳои Ҳиндукуши Афғонистон дар умқи 192 километр рух дод. Заминларза тақрибан як дақиқа идома дошт ва биноҳои зиёдеро дар Кобулу Исломобод ва Деҳлии нав такон дод.

Мақомоти Покистон гуфтанд, ки дар ин офати табиӣ беш аз даҳҳо тан ҷон бохтаанд. Бино ба иттилои расонаҳои покистонӣ, дар водии Сувот ва шаҳри Пешовар, маркази вилояти Хайбар-Пахтунхва ва манотиқи атрофи он 201 нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар Афғонистон дасти кам 80 нафар кушта ва беш аз 200 нафар маҷрӯҳ шудаанд. 12 духтари толибилм дар шаҳри Толуқон, ҳангоми тарки бинои мактаб ба ҳалокат расидаанд.

Хабаргузориҳо навиштанд, ки заминларза боиси қатъ шудани барқ ва осеб дидани робитаи телефонӣ дар ин кишвар шудааст.

Навоз Шариф, нахуствазири Покистон, ба ниҳодҳои вазъияти фавқулодаи кишвараш дастур додааст, то тамоми нерӯю имконотро барои рафъи авоқиби заминларза сафарбар кунанд. Рахил Шариф, сардори Ситоди нерӯҳои заминии Покистон сарбозонро барои кумак ба манотиқи аз офати таббиӣ осебдида фиристодааст.

Абдулло Абдулло, раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон аз мардуми ин кишвар даъват кардааст, ба имкони заминларзаҳои баъдӣ худро омода кунанд. Ӯ гуфтааст, "ин шадидтарин заминларза дар чанд соли ахир аст. Феълан ҳукумат мизони хисороти воридаро арзёбӣ карда, барои иораи кумакҳои фаврӣ ба осебдидагон тадобири лозимро меандешад".

Ин заминаларза бо шиддати камтар Ҳиндустон, Непал, Бангладеш, Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистонро низ такон дод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG