Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии ниҳоӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе


Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол рӯзи 25 октябри соли ҷорӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода рӯзи якшанбеи 25 октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.

Чунонки пештар хабар дода шуда буд, дар назар буд,бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон имсол дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб барпо гардад. Вале ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба иллати ҷавобгӯ набудани Варзишгоҳи марказии Кӯлоб барои баргузории бозии ниҳоии Ҷоми кишвар, тасмим гирифта шуд, ки бозӣ дар иншооти асосии ҷумҳурӣ – Варзишгоҳи марказии Душанбе – доир мешавад.

Дарвоқеъ, «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» барои бори панҷум паиҳам ба ҳаққи ширкат дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон мушарраф шудаанд. Дар бозиҳои ниҳоӣ байни ин ду даста ду бор “Регар-ТадАЗ” (солҳои 2011, 2012) ва ду бор “Истиқлол” (солҳои 2013, 2014) ғолиб омада, Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардаанд.

Бояд тазаккур дод, мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон сар аз соли 1992 барои бори 24-ум барпо мегардад. Ҳамагӣ 10 даста барандагони Ҷом гардидаанд. Аз ҳама бештар – 6 бор дастаи “Регар-ТадАЗ” Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст. “Истиқлол” чаҳор бор ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд се бор барандагони Ҷом шудаанд. Дастаҳои “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, тимҳои “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон:

1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0

1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 5:3

1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1

1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2

1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0

1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1

1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хӯҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1

1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 4:2

2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2

2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1

2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0

2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1

2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0

2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 3:1

2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1

2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Гафуров) – «Хима (Душанбе) – 1:0

2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1

2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 3:1

2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 5:6

2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - ?

XS
SM
MD
LG