Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи Ҳавел ба Алексеева дода шуд


Маҷмаи парлумонии Шӯрои Аврупо (РАСЕ) ҷоизаи солонаи ҳуқуқи башар ба номи Васлав Ҳавелро ба фаъоли собиқадори рус Людмила Алексеева супурд. Ҷоизаи Васлав Ҳавел ба ин дигарандеши аҳди Шӯравӣ ва яке аз ҳомиёни мӯътабари ҳуқуқи башари Русия, ки ҳоло 88 сол дорад, рӯзи 28 сентябр дар иҷлосияи РАСЕ дар Страссбурги Фаронса супурда шуд. Алексеева аз солҳои 60 ба ҳаракати диссидентҳо пайваста, яке аз муассисони Гурӯҳи Ҳелсинкии Маскав буд. Ӯро дар соли 1977 ба ҳиҷрат ба Амрико маҷбур карданд, вале Алексеева соли 1989 ба Русия баргашт ва ба фаъолияташ идома дод. Ҷоизаи Васлав Ҳавел 60 000 евроро ташкил медиҳад ва ҳар сол ба афроди алоҳида ва созмонҳои фаъол дар масъалаи ҳимоят аз ҳуқуқи башар дода мешавад.

XS
SM
MD
LG