Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барандагони Ҷоми президенти Тоҷикистон оид ба теннис


Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи теннисбозони наврас барои Ҷоми президенти Тоҷикистон ба анҷом расид.

Дар мусобиқаи теннисбозони наврас барои Ҷоми президенти Тоҷикистон, ки барои бори шашум баргузор шуд, 64 нафар варзишгарони синнашон 12-15-сола (32 писар ва 32 духтар) аз Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Украина ширкат доштанд. Мусобиқаи имсола дар Майдони тенниси КВД “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон барпо гардид.

Дар сабқати инфиродӣ байни писарон Шодмон Қурбонов ва миёни духтарон Шаҳзода Осимова, ҳарду аз Тоҷикистон, ғолиб омаданд.

Дар сабқати ҷуфтӣ байни писарон Беҳзод Суюнов / Шерзодбек Раҷабов аз Узбакистон мақоми аввалро касб карданд. Дар сабқати ҷуфтӣ миёни духтарон Анастасия Турсунова/ Насиба Назирмадова аз Тоҷикистон пирӯз шуданд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Мансур Яҳёев, сардовари ин мусобиқа, рӯзи 25 сентябр хабар дод. Вай афзуд, “ғолибони мусобиқа бо ҷому медали тилло, ифтихорнома ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 1500 доллари ИМА сарфароз гаштанд. Ба теннисбозоне, ки ҷойҳои дувуму севумро гирифтанд, мутаносибан медалҳои нуқраву биринҷӣ ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 1000 ва 700 доллар супурда шуд”.

Бояд тазаккур дод, мусобиқаи теннисбозони наврас барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон сар аз соли 2005 доир мешавад.

Дар мусобиқаи панҷум, ки моҳи сентябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд, 47 варзишгар аз Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон ва Эрон ширкат дошт. Дар сабқати инфиродӣ байни писарон теннисбози ҷавони тоҷик Фаридуни Баҳодур ва дар сабқати духтарон Милана Имомничазова аз Қазоқистон ғолиби мусобиқа гардида буданд.

XS
SM
MD
LG