Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 8 полиси афғон дар ҳамлаҳои Ғазнӣ


Дар ҳамлаҳои ҷудогонаи толибон дар шарқи Афғонистон дасти кам ҳашт тан аз кормандони полис кушта шуданд. Полковник Асадулло Инсофӣ, муовини раиси полиси вилояти Ғазнӣ, рӯзи 29 август гуфт, ки дар ин ҳамлаҳо ба постгоҳҳои полис дар волусволиҳои Андар ва Қарабоғ дасти кам 15 корманди дигари полис маҷрӯҳ шудаанд.

Масъулияти ин ҳамлаҳои рӯзи ҷумъаро ҷунбиши “Толибон” бар ӯҳда гирифт.

Ба гуфтаи нозирон, моҳҳои ахир ҳамлаҳо ба постгоҳҳои полис дар Афғонистон афзоиш ёфта, боиси талафоти зиёд шудаанд.

Бино ба як иттилои дигари Асадулло Инсофӣ, дар зарбаҳои ҳавоӣ ба мавқеъҳои ситезаҷӯён дар пойтахти Ғазнӣ 16 тани онҳо кушта шуда ва 17 нафари дигарашон ҷароҳат бардоштанд.

Ҷанг бо “Толибон” дар Афғонистон дар ҳоле ҷараён дорад, ки нерӯҳои байнулмилалии таҳти фармони НАТО соли гузашта Афғонистонро тарк намуданд ва сохторҳои низомиву амниятии кишвар маҷбуранд дар набард бо онҳо фақат ба таҷрибаву малакаи худ такя кунанд.

XS
SM
MD
LG