Пайвандҳои дастрасӣ

Волидони бархе аз довталабон мегӯянд, ки фарзандонашон бо вуҷуди ба даст овардани холи зарурӣ натавонистаанд шомили донишгоҳҳои Тоҷикистон шаванд. Иддаое, ки мақомот рад мекунанд.

Эълони аввалин натиҷаҳои имтиҳоноти қабул ва тақсимбандии довталабон ба ихтисосу муассисаҳои таҳсили олии касбӣ дар Маркази миллии тестии Тоҷикистон вокуниши мухталифи волидони довталабонро ба бор овардааст. Баъзе аз онҳо иддао доранд, ки гӯиё ба ҳангоми ҳисоби натиҷаҳои имтиҳони фарзандонашон “беадолатӣ” сурат гирифтааст.

Сафармоҳ Ҳакимова, сокини шаҳри Душанбе ва модари яке аз довталабон, ки бо асабоният сӯҳбат мекард, гуфт, писари вай бо 185 хол натавонистааст, донишҷӯи бахши ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ бишавад. Дар ҳоле ки ба иддаои ҳамсӯҳбати мо, довталабони дигар аз рӯи ҳамин ихтисос бо 150 хол ба донишҷӯӣ пазируфта шудаанд.

"Бо вуҷуди он ки фарзанди калониям маъюб аст ва шавҳарам дар Афғонистон хидмат кардааст, розӣ будам, 5 ҳазор ё 6 ҳазор пули шартномаи донишгоҳро қарз гирифта диҳам. Вале мегӯянд, ки умуман дохил нашудааст. Намефаҳмам, фарзанди корманди ҳукуматӣ бо 60 хол дохил мешавад, аммо фарзанди камбизоат дохил намешаванд," -- эътироз кард Ҳакимова.

Ин мусоҳиби мо гуфт, ба дониши фарзандаш эътимод дорад ва аз ин "беадолатӣ" ба мақомоти Вазорати маориф ва илм ва шаҳрдории

Амирхон Каримов

Амирхон Каримов

Душанбе шикоят хоҳад бурд. Дар ҳамин ҳол, Амирхон Каримов, яке дигар аз наздикони довталабон аз он дар ҳайрат аст, ки моҳе пеш тариқи СМС аз роҳ ёфтан ба тақсимот хабардор шудаанд. Вале ин субҳ дар утоқи инфиродӣ ба онҳо гуфтаанд, ки “Шумо вуҷуд надоред.”

Ӯ мегӯяд, "додари мо соли гузашта дохил нашуда буд, аммо имсол вақте дидем ба тақсимбандӣ роҳ ёфтааст, хурсанд шудем. Дар натиҷа ба мо мегӯянд, ки Шумо дар рӯйхат вуҷуд надоред. Яъне, инро бояд чӣ хел фаҳмем? Ҳатто касе ҳам ба мо шарҳ намедиҳад."

Аммо дар миёни садҳо довталабону волидайни норозии онҳо, ки субҳи 8 август дар назди Маркази миллии тестӣ ба хотири огоҳ шудан аз натиҷаҳои тақсимбандӣ ҷамъ омада буданд, теъдоди онҳое ҳам, ки соҳиби курсии донишҷӯӣ шудаанд, зиёд ба назар мерасиданд. Ҳарчанд тибқи мушоҳида бештари онҳо мегуфтанд, ки дар бахшҳои шартномавии донишгоҳҳо қабул шудаанд.

Абубакр Хӯҷамқулов

Абубакр Хӯҷамқулов

Абубакр Хӯҷамқулов, ҷавоне, ки маълул аст, тавонистааст, ба бахши буҷавии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон шомил шавад. Вай мегӯяд, “то ин вақт барои имтиҳонҳо омодагӣ мегирифтам. Ҳоло хеле хурсандам, ки тавонистам бо қувваи худ ва ҳам бо он имтиёзе, ки аз сӯи Маркази миллии тестӣ барои маълулон муайян шудааст, донишҷӯ шавам.”

Маркази миллии тестии Тоҷикистон аз 8 август ба эълони натиҷаҳои тақсимбандии довталабон ба ихтисосу муассисаҳои таҳсили олии касбӣ оғоз кард. Ба ҳисоби масъулони ин ниҳод, аз ҳудуди 67 ҳазор довталабе, ки имтиҳонҳои тестиро супориданд, наздики 51 ҳазор нафар сазовори холҳои гузариш шудаанд. Аммо аз ин миён чӣ теъдод донишҷӯ мешаванд, Маркази миллии тестӣ дар чанд рӯзи дигар эълон хоҳад кард. Зеро нақшаи қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбӣ 46 ҳазору 762 нафар муайян шудааст ва бояд чанд ҳазори дигар аз довталабон аз унвони донишҷӯӣ маҳрум шаванд.

Абдувосит Юлдошев

Абдувосит Юлдошев

Абдувосит Юлдошев, ёвари мудири Маркази миллии тестӣ, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шумораи довталабоне, ки имсол дар Маркази тестӣ сабт шудаанд, нисбат ба соли гузашта 40 дарсад бештар будааст. Оқои Юлдошев дар посух ба норозигии бархе аз волидон гуфт, ин иддаҳо асос надоранд, чун то ҳоло ҳамагӣ 97 аризаи аппелятсионӣ гирифтаанду бас. Соли гузашта ин рақам ба 570 баробар будааст.

Ба гуфтаи Юлдошев, имсол низ бештари довталабон ҳангоми интихоб ба ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ, тиббӣ ва иқтисодӣ бартарӣ додаанд.

Маркази миллии тестӣ соли гузашта ба беш аз 7 ҳазор довталабе, ки натавонистаанд холҳои заруриро соҳиб шаванд, шонс ё имтиёзи интихоби касбҳои дигар ва шомил шудан ба донишгоҳҳоро фароҳам овард. Гуфта мешавад, ҳамин кор имсол низ бисёриҳоро барои дастёбӣ ба унвони донишҷӯӣ умедвор кардааст. Вале имсол довталабон аз чунин як “шонс” маҳруманд ва тақсимоти такрорӣ сурат нахоҳад гирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG