Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабаҳи Сурия монеи таҳсили ҷавонони тоҷик дар Русия шудааст


Қурбоналӣ -- падари Ёқубҷон
Қурбоналӣ -- падари Ёқубҷон

Дар Русия ба тундгароӣ гаравидану ба Сурия ва Ироқ рафтани донишҷӯён падару модаронро дар Тоҷикистон водор кардааст, ки ба таҳсили фарзандони худ дар Русия мухолифат кунанд.

Баъд аз он ки чанде аз донишҷӯёни тоҷик дар Русия гирифтори ақидаҳои тундравона шуданд ва ба Сурияву Ироқ рафтанд, падару модарон дар Тоҷикистон чандон омода нестанд, ба фарзандонашон иҷозаи таҳсил дар донишгоҳҳои Русияро диҳанд. Аз ҷумла намунаи Ёқубҷони Қурбоналӣ, донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи технологии шаҳри Ивановои Русия, ки ҳамроҳ бо як шарикдарси русаш ба гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» пайвастааст, падару модаронро дар ноҳияи Мӯъминобод водор ба эҳтиёткорӣ кардааст.

Ин дар ҳолест, ки солона то 20 нафар аз ҷавонони ноҳия ба донишгоҳҳои Русия шомил шуда, дар он ҷо таҳсил мекарданд. Имсол аз ин ҷо касе барои таҳсил ба Русия нахоҳад рафт. Бархе аз волидон талош доранд, фарзандони худро аз Русия фаро хонанд ва бархи дигар донишҷӯёнеро, ки ба таътили тобистона омадаанд, намегузоранд, ки ба Русия баргарданд.

Тоҳир Амиршозода, раиси ноҳияи Мӯъминобод сешанбеи 27 июл зимни нишасти матбуотиаш ба «Давлати исломӣ» пайвастани ду ҷавони ин ноҳияро тасдиқ кард ва гуфт, ҳоло сарнавишти нафари сеюм тафтиш мешавад. Ба сурати умум тол ҳоло ошкор шудааст, ки 7 донишҷӯ аз Русия ва 11 дониишҷӯи мактабҳои олии Тоҷикистон ба гурӯҳи «Давлати исломӣ» пайвастаанд. Бо вуҷуди ин намунаи Ёқубҷони Қурбоналӣ, ки сари забонҳост, падару модаронро нигарон кардааст.

Қурбоналӣ Раҳмонов, падари Ёқубҷон сешанбеи 28 июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, фарзандашро ҳар бор дар сӯҳбати телефонӣ таъкид мекард, ки худро аз гурӯҳҳои ифротӣ дур нигаҳ дорад. Ба гуфтаи Раҳмонов, онҳо бори охир рӯзи 27 феврал сӯҳбати телефонӣ дошта, он вақт ҳам вай ба фарзандаш гуфта буд, ки аз афроди тундрав эҳтиёт кунад. Баъд аз ин тамос қатъ шуд ва дертар падар огаҳ гашт, ки писараш ҳамроҳ бо як ҳамсабақаш -- духтари рус, ба гурӯҳи «Давлати исломӣ» пайвастааст.

Чаро сокинони Муъминобод мухолифи таҳсили фарзандонашон дар Русия ҳастанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:13 0:00

Достони Ёқубҷон пеши роҳи Дилшод, як ҷавони деҳаи Боғаиро, гирифт, ки мехост ба риштаи иқтисоди Донишгоҳи Ломоносови Маскав ҳуҷҷат супорад. Аммо падараш бо ишора ба кори Ёқубҷон аз ӯ хост, дар Тоҷикистон монад. Биноан, Дилшод аз тариқи Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷаташро ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супурд, ва ба таҳсил роҳ ёфт.

Аз манотиқи Кӯлоб ҳоло дар ҷангҳои Ховари Миёна наздики 70 ҷавон ширкат мекунанд, ки бештари онро ҷавонони аз 20 то 30-солаанд. Раёсати умури дохилии минтақаи Кӯлоб як ҳафта қабл дар нишасти матбуотиаш гуфт, ки онҳо дар як ҳафтаи ахир пайвастани ҳафт ҷавонро ба гурӯҳи «Давлати исломӣ» ошкор карда, нисбаташон парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд.

Акси Ёқубҷони Қурбоналӣ
Акси Ёқубҷони Қурбоналӣ

Ба гуфтаи волидaйни Ёқубҷони Курбоналӣ ӯ аълохон буд ва 13 ҳазор рубли русӣ пули донишҷӯӣ мегирифт, ки аз сари он низ каме ба волидайнаш мефиристод. Пардари Ёқубҷон гуфт, тай ду соли таҳсилаш вай умуман аз падару модар маблағ талаб накардааст.

Ҳоло дигар волидайне, ки фарзандони онҳо дар Русия донишҷӯянд, бо тарс ба сар мебаранд, ки фарзандони онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил нашаванд. Муҳиддини Неъмат, як сокини ноҳияи Ҳамадонӣ дар сӯҳбати телефонӣ гуфт, азм дорад фарзандашро аз донишгоҳи Санкт – Петербург ба яке аз донишгоҳҳои Тоҷикистон интиқол диҳад.

XS
SM
MD
LG