Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сар аз имрӯз дар саросари Тоҷикистон имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои олии таълимӣ оғоз шуд ва 74 ҳазор довталаб барои 42 ҳазор курсии донишҷӯӣ, рақобат мекунанд.

Таҷрибаи нахустини Маркази миллии тестӣ дар соли гузашта, ки ба бовари бисёриҳо тавонист мизони фасод дар маъракаи дохилшавӣ ба донишгоҳро коҳиш диҳад, даҳҳо ҷавонро имсол барои бидуни тағо шомил шудан ба донишгоҳҳо умедвор кардааст.

Теъдоди давталабон имсол бештар аз оне будааст, ки худи масъулини Маркази милии тестӣ интизор доштанд ва пешгӯӣ мекарданд. Бино ба иттилои Маркази миллии тестии Тоҷикистон, имсол 74 ҳазор довталаб дар ду марҳила, асосӣ ва иловагӣ сабти ном шудаанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки соли гузашта 52 ҳазору 656 нафар барои шомил шудан ба донишгоҳҳо вориди рақобат шуда буданд.

Ҳарчанд сабти номи довталабон дар Маркази миллии тестӣ ҳанӯз аз дуввуми март шурӯъ шуд, аммо рӯзи 30 -уми июн дар охирин рӯзи марҳилаи иловагии номнависӣ, пушти дарҳои Маркази милли шоҳиди навбатпоии довталабони зиёде шудем. Марҳилаи иловагии номнависиро Марказ барои муҳоҷирони ҷавон ва онҳое, ки дар хизмати ҳарбӣ буданду ё бо кадом сабаби дигаре натавонистанд сари вақт худро номнавис кунанд, пешбинӣ карда буд.

Шералӣ Аламуродов бо бародараш, ки ҳамин чанд рӯзи пеш аз муҳоҷират баргаштаву тасмим гирифтааст донишҷӯ шавад, ба Маркази миллии тестӣ омада буд. Шералӣ мегӯяд, ки бародари вай ҳанӯз 3 соли қабл мактаби миёнаро хатм кардааст, аммо шароити бади молӣ имкон надод, ки донишҷӯ шавад ва муҳоҷир шуд. Шералӣ афзуд: “Ҳоло шунидем, ки агар одам каму беш савод дошта бошад вобаста ба кӯшишу дониш тариқи ин низоми дохил шудан имкон дорад, мо ҳам ба умед омадем.

Дар миёни довталабоне, ки дар марҳиаи иловагӣ худро сабти ном мекарданд, аксарият мисли бародари Шералӣ, хатмкунандаҳои солҳои пештар буданд, ки низоми нав умедворашон кардаву тоза тасмими донишҷӯ шуданро гирифтаанд. Шукрона ҳам баъди 4 соли хонашини билохира ахиран ҳуҷҷатҳои худро ба Донишкадаи исломӣ супурд. Муслиҳиддин -- падари Шукрона мегӯяд, “донишаш нағз аст. 5 фарзанд дорам, онҳоро хонадор кардан лозим буд, шароит набуд. Нав ба ин хулоса омадем ва орзу дорам, ки духтарам дохил ва соҳиби диплом шавад.”

Воқеан агар солҳои пеш довталабон ҳозир набуданд бидуни тағо ё воситае барои шомил шудан ба донишгоҳ ҳуҷҷат супуранд, имсол бисёре аз ҷавонон бо такя ба дониши худ дар Маркази миллии тестӣ худро номнавис кардаву ба имтиҳоноти дохилшавӣ омодагии ҷиддӣ мегиранд. Масъулини Маркази миллии тестӣ ҳам мегӯянд, агар як сабаби афзоиши довталабон ба донишгоҳҳои кишвар, ворид шудани чанд донишгоҳи дигар ва омӯзишгоҳҳои касбӣ ба ин низом бошад, сабаби дигар бештар шудани эътимоди мардум ба он аст.

Ситорабону Назарова, сухангӯи Маркази миллии тестӣ мегӯяд, “соли гузашта таҷриба нишон дод, довталабе, ки дониш дорад, метавонад донишҷӯ шавад ва имсол ҳам барои таъмини шафофият тамоми шароит фароҳам аст ва чораҳои зарурӣ андешида шудаанд. Волидон ва алоқамандони имтиҳоноти дохилшавӣ метавонанд тавассути мониторҳо ҷарраёни имтиҳонсупории довталабонро назора кунанд.”

Маркази миллии тестӣ соли 2013 дар Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард ва ҳадаф аз таъсиси ин марказу роҳандозии низоми муосири қабули довталабон ба донишгоҳҳоба таври шаффофу одилона баҳогузорӣ шудани дониши довталабону аз байн бурдани ришваву фасод гуфта мешавад. Таҷрибаи соли аввали ин низоми аз ҷониби Оҷонсии зидди фасод ва вазорати маориф баҳои бад нигирифт ва далелҳои фасод дар Маркази миллии тестӣ ҳам ошкор нашуд, ҳарчанд ҳолатҳои ришваситонӣ дар донишгоҳҳо аз сӯйи омӯзгорон мушоҳида шудааст.

Ин марказ дар ҳоле ба роҳ андохта шуд, ки ниҳодҳои вазорати маорифи Тоҷикистон, бахусус мактабҳои олӣ, аз фасодзадатарин ниҳодҳои давлатӣ дар ин кишвар номида шуда, бисёриҳо дигар ба ин, ки касе битавонад бидуни тағо ва ришва ба риштаҳои бонуфузе, чун тиббу ҳуқуқ, дохил шавад, аслан бовар надоштанд. Роҳбарият ва омӯзгорони донишгоҳҳои бонуфузе мисли Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи тиббӣ ба гирифтани пора то 20 ҳазор доллар муттаҳам мешуданд. Ҳарчанд худи масъулини донишгоҳу маориф ин ҳамаро рад мекарданд.

Як пажӯҳиши Бонки Ҷаҳонӣ ҳам дар соли гузашта, собит кард, ки ришвахорӣ дар бахши маорифи Тоҷикистон “решаву патакреша”-ҳои зиёде давонда, “ҳаҷм”-и он то 15 ҳазор доллар расид. Тибқи натиҷаҳои ин пажӯҳиш, ришваситони сабаб шуда, ки ҳамагӣ 22 дарсади ҷавонони тоҷик соҳиби маълумоти олӣ шаванд, ва ин ҳам камтарин нишондон дар миёни кишварҳои Осиёи Миёна будааст. Ба таъкиди пажӯҳишгарони Бонки Ҷаҳонӣ, ришвахорӣ ба ба сифати таълим дар Тоҷикистон ҳам таъсир гузоштааст.

Ба ин тартиб, ба гуфтаи таҳлилгарон, мушкил то ҳаде амиқ буд, ки чанд насли хамткунандаҳои макотиби олӣ, бидуни тахассуси зарурӣ вориди бозори кор шуда, ба талаботи кордеҳон ҷавобгӯ набуданд. Мисоли чашмрас ҳам ин нобоварии мардум ба насли табибони имрӯза аст.

Мунира Иноятова

Мунира Иноятова

Мунира Иноятова, собиқ вазири моарифи Тоҷикистон мегӯяд, низоми нави имтиҳоноти марказонидашудаи дохилшавӣ бо вуҷуди баъзе камбудиҳо, як қадами ҷиддие дар роҳи ворид сохтани ислоҳот дар соҳаи маориф аст ва тавони тағйир додани вазъро дорад.

Ба ин тартиб, сар аз имрӯз, 1- уми июл дар Тоҷикистон рӯзҳои сарнавиштсоз барои довталабон -- имтиҳоноти дохилшавӣ шурӯъ шуд. Имтиҳоноти дохилшавӣ то 12 июл идома хоҳад кард, аммо онҳое, ки дар марҳилаи иловагӣ то 30 уми июн сабти ном шудаанд, 15 -16 июл имтиҳон месупоранд.

Ситорабону Назарова, сухангӯи Маркази Миллии тестӣ мегӯяд, 36 маркази имтиҳонӣ дар саросари кишвар аз имрӯз ба кор шурӯъ кард ва довталабоне, ки ба гурӯҳи ихтисосҳои якум, яъне табии ва техникӣ ҳуҷҷат супурда буданд, рӯзи якуми июл ба имтиҳон даъват шудаанд. Имсол тибқи нақша, дар муассисаҳои таълимӣ ва касбӣ барои довталабон 42 ҳазор ҷой ҷудо шудааст. Соли гузашта аз 52 ҳазор довталаб 16 ҳазор натавонистанд холи гузариш ба донишгоҳро ба даст оранд.

Маркази тестӣ соли 2014 ба беш аз 7 ҳазор довталабе, ки натавонистаанд холҳои заруриро соҳиб шаванд, шонси интихоби касбҳои дигар ва шомил шудан ба донишгоҳро фароҳам овард. Гуфта мешавад, шояд ҳамин ҳам имсол бисёриҳоро барои дастёбӣ ба унвони донишҷӯӣ умедвор кардааст. Аммо имсол довталабон аз чунин як шонс маҳруманд ва тақсимоти такрорӣ ҳам сурат нахоҳад гирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG