Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

​Чаҳор бозии даври ҳаштуми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон як рӯз дертар - 21 июн - баргузор мешаванд.

Чаҳор бозии даври ҳаштуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ як рӯз дертар, яъне 21 июн барпо мегарданд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон сабаби ба муҳлати дигар гузаронидани бозиҳо ба баргузории бозии байналмилалии дӯстона байни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Газовик”-и Оренбурги Русия, ки шоми шанбеи 20 июн дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо мегардад, бастагӣ дорад.

Ба ин тартиб, чаҳор бозии даври ҳаштуми сабқати лигаи олӣ байни дастаҳои «Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан) — ССКА «Помир» (Душанбе), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) — «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров), «Вахш» (Қӯрғонтеппа) — «Хуҷанд» (Хуҷанд) ва «Барқи тоҷик» (Душанбе) — «Равшан» (Кӯлоб) рӯзи якшанбеи 21 июн соати 18.00 шурӯъ мешавад.

Боз як бозии даври ҳаштум байни дастаҳои «Хайр» (Ваҳдат) ва «Истиқлол» (Душанбе) 24 июн барпо мегардад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

7

7

0

0

28-2

21

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

7

4

2

1

12-5

14

3

«Хайр» (Ваҳдат)

7

4

1

2

12-11

13

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

7

3

3

1

11-7

12

5

«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)

7

3

2

2

9-5

11

6

«Равшан» (Кӯлоб)

7

3

1

3

10-15

10

7

ССКА «Помир» (Душанбе)

7

2

1

4

5-11

7

8

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

7

1

3

3

2-7

6

9

«Барқи тоҷик» (Душанбе)

7

1

1

5

3-13

4

10

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

7

0

0

7

0-16

0

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 5 тӯб, Дилшод Восиев («Истиқлол»), Ҳусейни Сӯҳробӣ («Равшан») – 4-тӯбӣ, Наполеон АНДОХ ("Хайр"), Ҳасан Рустамов («Хуҷанд»), Комил Саидов, Комрон Турсунов ҳарду – («Регар-ТадАЗ»), Бледа родригес («Истиқлол»), Давронҷон Тухтасунов (ССКА «Помир») – 3-тӯбӣ.

То анҷоми марҳалаи аввали мусобиқа ду даври дигар мондааст.

Даври 8-ум

21 июн (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 18:00

«Далерон-Ӯротеппа» — ССКА «Помир»

«Регар-ТадАЗ» — «Парвоз»

«Вахш» — «Хуҷанд»

«Барқи тоҷик» — «Равшан»

24 июн (чоршанбе)

Оғози бозӣ – соати 18:00

«Хайр» — «Истиқлол»

Даври 9-ум

27 июн (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 18:00

«Хуҷанд» — «Барқи тоҷик»

«Парвоз» — «Хайр»

ССКА «Помир» — «Регар-ТадАЗ»

«Равшан» — «Далерон-Ӯротеппа»

28 июн (якшанбе)

Оғози бозӣ – соати 18:00

«Истиқлол» — «Вахш»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG