Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пирӯзии “Истиқлол” бар “Регар-ТадАЗ”


​«Истиқлол»-и Душанбе дар майдони худ бар «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 1-0 пирӯз шуд.

Бозии мавқуфгузоштаи даври ҳафтуми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки шоми 29 май дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар байни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода баргузор шуд, бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 1-0 поён ёфт. Тӯбро Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 64-ум ба ҳадаф расонд.

“Истиқлол”, ки паиҳам ҳафт ғалаба ба даст овардааст, дар ҷадвали мусобиқа бо 21 имтиёз дар мақоми аввал қарор дорад. Қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон аз дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд, ки дар мақоми дувум аст, ҳафт имтиёз бештар гирифтааст.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозии даври 7-ум

«ИСТИҚЛОЛ» — «РЕГАР-ТАДАЗ» — 1:0

Гол: Фатҳулло Фатҳуллоев, 64

«Истиқлол» (Душанбе): Алишер Тӯйчиев, Эраҷ Раҷабов (Фатҳулло Фатҳуллоев, 56), Петро Ковалчук (Сиёвуш Асроров, 46), Хосе Баллестер, Аҳтам Назаров, Нуриддин Давронов, Умедҷон Шарифов, Парвизҷон Умарбоев, Алишер Сафаров, Ромиш Ҷалилов (Дилшод Восиев, 46), Манучеҳр Ҷалилов.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Алишер Додов, Далерҷон Тухтасунов, Ойбек Абдуғаффоров, Фарҳод Холбеков (Нуъмон Зокиров, 80), Бахтиёр Азимов, Фаррух Чориев, Расул Файзов, Абдулло Саидов, Музаффар Сироҷиддинов (Даврон Мирзоев, 67), Комрон Турсунов, Комил Саидов.

Огоҳонида шуд: Комил Саидов («Регар-ТадАЗ»).

29 май. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

7

7

0

0

28-2

21

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

7

4

2

1

12-5

14

3

«Хайр» (Ваҳдат)

7

4

1

2

12-11

13

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

7

3

3

1

11-7

12

5

«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)

7

3

2

2

9-5

11

6

«Равшан» (Кӯлоб)

7

3

1

3

10-15

10

7

ССКА «Помир» (Душанбе)

7

2

1

4

5-11

7

8

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

7

1

3

3

2-7

6

9

«Барқи тоҷик» (Душанбе)

7

1

1

5

3-13

4

10

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

7

0

0

7

0-16

0

Нишонзанҳо: Манучеҳр ҶАЛИЛОВ («Истиқлол») – 5 тӯб, Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол»), Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Равшан») – 4-тӯбӣ, Наполеон АНДОХ («Хайр»), Ҳасан РУСТАМОВ («Хуҷанд»), Комил САИДОВ, Комрон ТУРСУНОВ (ҳарду – «Регар-ТадАЗ»), Бледа РОДРИГЕС («Истиқлол»), Давронҷон ТУХТАСУНОВ (ССКА «Помир») – 3-тӯбӣ.

То анҷоми марҳалаи аввали мусобиқа ду даври дигар мондааст.

Даври 8-ум

20 июн (шанбе)

Оғози бозиҳо–соати 18:30

«Далерон-Ӯротеппа» — ССКА «Помир»

«Регар-ТадАЗ» — «Парвоз»

«Хайр» — «Истиқлол»

«Вахш» — «Хуҷанд»

«Барқи тоҷик» — «Равшан»

Даври 9-ум

27 июн (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 18:30

«Хуҷанд» — «Барқи тоҷик»

«Парвоз» — «Хайр»

ССКА «Помир» — «Регар-ТадАЗ»

«Равшан» — «Далерон-Ӯротеппа»

28 июн (якшанбе)

Оғози бозӣ – соати 18:30

«Истиқлол» — «Вахш»

XS
SM
MD
LG