Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи тамрингоҳи кӯҳӣ дар Ромит


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, 26 май дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат тамрингоҳи ҳарбии кӯҳиро ба истифода додааст. Оқои Раҳмон, ки сарфармондеҳи олии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад, машғулиятҳои омодагии кӯҳӣ барои ҷузъу томҳои низомӣ ва воҳидҳои махсуси сохторҳои қудратиро муҳим донистааст.

Ӯ гуфтааст, “93 тдарсади ҳудуди кишварро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, аз ин хотир ба омодагии кӯҳии ҷузъу томҳои низомӣ ва воҳидҳои махсуси сохторҳои қудратӣ бояд таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шавад”. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, ин тамрингоҳ барои ташкилу гузарондани машғулиятҳои гуногуни омодагии кӯҳӣ, аз ҷумла кӯҳнавардӣ, обутоби ҷисмонӣ ва рӯҳӣ дар шароити душвори кӯҳистон, ба муддати тӯлонӣ зинда мондан дар ҳолатҳои муҳосира ва ё дур мондан аз марказҳои таъминотӣ ва ҳам тирпаронӣ аз навъҳои гуногуни яроқу аслиҳа омода гардидааст.

XS
SM
MD
LG