Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пеле баъд аз ҷарроҳӣ аз бемористон баромад


Пеле
Пеле

Пеле-футболбози афонавии Бразилия шоми 9 май аз шифохона рухсат шудааст. Пизишкон мегӯянд, ки вай ҷарроҳии простатро аз сар гузаронидааст.

Пизишкони шифохонаи Алберт Эйнштейн дар шаҳри Сао Паоло гуфтаанд, ки Пелеи 74 соларо баъд аз муолиҷа аз бемористон рухсат кардаанд.

Пеле соли 2014 низ дар ҳамин бемористон аз сирояти ҷиддии вирус дар найчаи пешоб муолиҷа гирифта буд. Матбуоти маҳаллӣ аз қавли пизишкон гузориш додаанд, ки ҷарроҳии ғудуди бузургшудаи простат бемории маъмулии мардони солманд аст ва ҷарроҳӣ барои он анҷом гирифтааст, ки дубора найчаи пешоб сироят набинад.

Пеле-ситораи футболи ҷаҳон моҳҳои охир ба бӯҳрони чанд беморӣ мубтало шудааст Моҳи ноябри соли гузушта аз гурдааш санг гирифта буданд ва ин гурдаи боқимондааш соли гузашта аз кор монда буд.

Як гурдаи вайро дар солҳои бозии футбол гирифта буданд. Он вақт дар яке аз бозиҳо қабурғааш осеб дида буд.

Номи аслии Пеле Эдсон Арантес до Насименто аст ва вай дар тули тамоми ин солҳо дар ҷаҳон чун бозигари беҳтарини футбол соҳиби эҳтиром аст. Соли 1999 Кумитаи Байналмиллалии Олимпӣ вайро варзишгари беҳтарини қарн эълон кард.

XS
SM
MD
LG