Пайвандҳои дастрасӣ

Иҷозаи вуруди дубора ба 115 тоҷик ба Русия


Идораи муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 115 шаҳрванди кишвар иҷозаи вуруд ба қаламрави Русияро пайдо кардаанд. Абдулло Қодирӣ, сухангӯи идораи муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 21 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, "аз ин теъдод 35 нафарашон зан ҳастанд."

Ба иттилои Идораи муҳоҷират, то кунун аз ҷониби мақомоти Федеролии муҳоҷирати Русия ба бештар аз 400 шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо сабабҳои гуногун воридшавиашон ба қаламрави Русия манъ шуда буд, иҷозаи дубора дода шудааст. "Ҳоло ин афрод дар минтақаҳои мухталифи Руссия кору фаъолият доранд,"-афзуд Абдулло Қодирӣ.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG