Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷлиси Миллӣ мақоми нави Шоҳиёнро тасдиқ кард


Шермуҳаммади Шоҳиён.
Шермуҳаммади Шоҳиён.

Маҷлиси Миллӣ, палатаи болои парлумони Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 17 апрел зимни баргузории иҷлосияи навбатии ин маҷлис номзадии Шермуҳаммади Шоҳиён ба мақоми раиси Додгоҳи олиро тасдиқ кард. Шавкат Саидов, ёвари раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар Маҷлиси Миллӣ пешниҳоди раиси ҷумҳур дар бораи номзадиии Шермуҳаммади Шоҳиён ба мақоми раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистонро бо аксарияти оро тасдиқ гардид. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 15 апрел тайи фармонҳое Шермуҳаммади Шоҳиёнро аз мақоми раиси Кумиссиюни иарказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон барканор ва ба симмати раиси Додгоҳи олӣ мансуб кард. Ҷаноби Шоҳиён, дар ин мақом ҷойгузири Нусратулло Абдуллозода шуд.

Шавкат Саидов афзуд, ки дар иҷлосии имрӯзи Маҷлиси Миллӣ, ҳамчунин пешниҳоди раиси ҷумҳур дар бораи номзадии Карим Каримзода ба унвони муовини раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон ва Абдулҳафиз Ашурзода, муовини якуми раиси Додголҳии Олии Тоҷикистонро тасдиқ карда шуданд.

Ҳамчунин дар ҷаласаи муштараки Маҷлиси Намояндагон ва Маҷлиси Миллии порлумони Тоҷикистон, ки пас аз зуҳри рӯзи ҷумъаи 17 март баргузор шуд, фармонҳои раиси ҷумҳур дар бораи таъини Қосими Раҳбар, ба мақоми раиси Кумитаи рушди маҳал, Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёт, Маҳмадтоҳир Зокиров, вазири кишоварзии Тоҷикистон тасдиқ шуданд.

XS
SM
MD
LG