Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодии узви боздоштшудаи ҲСДТ


Фирдавс Соҳибназаров
Фирдавс Соҳибназаров

Фирдавс Соҳибназаров -- раиси дафтари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон, рӯзи 10 апрел, баъди бештар аз ду моҳи боздошташ аз толори додгоҳи ҳамин ноҳия озод шудааст. Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ ва вакили мудофеи Соҳибназаров мегӯяд, муҳокимаи нафари таҳти ҳимояти ӯ як моҳ боз идома дошт.

Фирдавс Соҳибназаров, ки номзадияш ба мақоми вакили парлумон аз рӯйхати ин ҳизб дар интихоботи якуми марти соли ҷорӣ пешниҳод шуда буд, шоми 3 феврал боздошт гардид. Бар асоси иттилои мақомот ӯ дар қазияи “гум шудани 42 ҳазор доллар” дар "Тоҷпромбонк" айбдор мешуд ва бар муқобилаш бар асоси чор моддаи Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда буд.

Аммо худи Фирдавс Соҳибназаров рӯзи 26 январ, ҳанӯз пеш аз боздошташ, дар як сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ парвандаашро бофта ва монеагузории мақомот барои роҳ наёфтани ӯ ба интихоботи парлумонии Тоҷикистон дониста буд.

XS
SM
MD
LG