Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон


Имрӯз, 9-уми апрел, мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон бо бозӣ байни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд шурӯъ мешавад.

Мусобиқаи 24-уми қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ имрӯз, 9-уми апрел, бо бозӣ байни «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд оғоз меёбад. Ин бозӣ дар пойтахти кишвар, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, соати 17:00 шурӯъ мешавад.

Диловар Орзуев, аз ноҳияи Ҳисор, сардовари бозии нахустини мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии кишвар таъин шудааст.

Алишер Урунов, менеҷери Лигаи миллии футболи Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки мусобиқаи имсола ба тарзи нав гузаронида мешавад. Барои аввалин бор мусобиқа бо ширкати 9 даста дар се давра барпо мегардад. Мусобиқаи 24-уми қаҳрамонии Тоҷикистон то рӯзи 22-юми ноябр идома хоҳад кард.

Дастаҳои ширкаткунандаи чемпионати 24-уми Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ дар мавсими соли 2015:

«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

«Хайр» (Ваҳдат)

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

«Истиқлол» (Душанбе)

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

ССКА «Помир» (Душанбе)

«Равшан» (Кӯлоб)

Даври 1-ум

9 апрел (панҷшанбе)

Оғози бозӣсоати 17:00

«Истиқлол» – «Хуҷанд»

11 апрел (шанбе)

Оғози бозиҳосоати 16:00

«Регар-ТадАЗ» – «Равшан»

«Хайр» – ССКА «Помир»

«Вахш» – «Парвоз»

XS
SM
MD
LG