Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се медали Ёсин ва Абдуллоҳ дар Дания


Ёсин ва Абдуллоҳ Неъматовҳо, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳоло дар шаҳри Дубай ба сар мебаранд, дар сабқати дзюдо дар Копенҳагени Дания соҳиби медалҳои нуқра ва биринҷӣ шудаанд. Ин сабқат дар охири ҳафтаи гузашта дар Копенҳаген баргузор шуда, Ёсин дар вазни 66 ва Абдуллоҳ дар вазни 60 кило баромад кардаанд.

Абдуллоҳ Неъматов дар сабқати Копенҳаген миёни паҳлавонони соли таваллудашон 1998-2000 ва баъдан миёни ҳамсолони худ (2001) ду медали нуқра ба даст овардааст. Ёсин соҳиби медали биринҷӣ шудааст.

Муҳаммадрозиқ Неъматов, падари Ёсин ва Абдуллоҳ мегӯяд, писаронаш аз ин пеш низ дар мусоқибаҳои дзюдо дар Арабистони Саудӣ ва Ҷопону Олмон низ иштирок карданд.

XS
SM
MD
LG