Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши оташбас дар Донбасс нақз мешавад


Нерӯҳои ҳукуматии Украина ва ҷудоихоҳони рустабор ҳанӯз ба берун кашидани силоҳи вазнин аз хатти ҷабҳа шурӯъ накардаанд. Бар пояи созиши оташбасе, ки ҳафтаи гузашта дар Минск ҳосил шуд, раванди аз минтақаи даргириҳо берун кардани танку зиреҳпӯшҳо ва тӯпхона бояд рӯзи сешанбе, 17 феврал оғоз меёфт.

Дар ҳамин ҳол Киев дар бораи 15 ҳамлаи ҷудоихоҳон ба мавқеъҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар канори шаҳри Дебалтсево хабар дод. Дар ин ҳамлаҳо, ба иттилои расмӣ, панҷ сарбози украинӣ кушта шудааст.

Ҷудоихоҳон дар навбати худ гуфтанд, ки артиши Украина тайи шабонарӯзи гузашта 17 бор оташбасро халалдор кардааст.

Аз ин пеш авзоъ дар шарқи Украина, аз ҷумла, дар Дебалтсево дар гуфтугӯи телефонии раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд, раҳбари Украина Петро Порошенко ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел баррасӣ шуд. Ба иттилои Reuters, онҳо аз идомаи набардҳо дар Дебалтсево изҳори нигаронӣ карданд ва хостори таъмини вуруди нозирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ба ин мавзеъ шуданд.

Ба думболи ин, дафтари матбуоти Кремл дар бораи сӯҳбати телефонии сарони Русия, Украина ва Олмон оид ба авзоъ дар Донбасс ва берун кашидани силоҳи вазнин аз хатти ҷабҳа хабар дод.

Оташбас дар шарқи Украина 15 феврал шурӯъ шуд. Бар пояи созиш, раванди ҳалли мусолиматомези низоъ бояд тайи ду ҳафта анҷом ёбад.

XS
SM
MD
LG