Пайвандҳои дастрасӣ

Умаралӣ Қувватов, раҳбари Гуруҳи 24, бо се ҳамроҳаш, ки дар нимаи дувуми моҳи декабри соли гузашта дар пайи шикояти фарди номаълуме дар Туркия боздошт шуда буд, аз "ҳабси хонагӣ" раҳо шуд.

Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони мамнӯи "Гуруҳи 24" ва се ҳамроҳи ӯ - Ҳусейн Ашӯров, Суҳроб Тӯраев ва Абдурашид Ҳомидов, ки бештар аз як моҳ боз дар боздоштгоҳе дар Туркия нигаҳдорӣ мешуданд, рӯзи 3 феврал озод гардидаанд. Дар ин бора Қумриннисо Ҳафизова -- ҳамсари Умаралӣ Қувватов хабар дод.

Қувватов дар нимаи дувуми моҳи декабри соли гузашта якҷоя бо се ҳамроҳаш дар пайи шикояти фарди номаълуме дар Истанбул боздошт шуда буд. Дар пайи он мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, асноди ӯро барои истирдодаш ба Туркия фиристодаанд.

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи 16 январи соли ҷорӣ ҳангоми нишасти хабарияш гуфта буд, “дар ин дархост куллия ҷиноятҳои иқтисодии Қувватов сабт шуда”, аммо тасмими истирдод ба дасти мақомоти Туркия аст. Ӯ афзуд, “фаъолияти гуруҳи ташкилкардаи Умаралӣ Қувватов, ҳамчун гуруҳи экстремистӣ дар Тоҷикистон манъ аст. Нисбат ба Умаралӣ Қувватов барои содир кардани ҷиноятҳои иқтисодӣ айб эълон карда шудааст ва барои ҳамин дар кофтукоби ҷиноӣ қарор дорад. Ҷумҳурии Туркия гуфт, ӯ боздошт шудааст ва мо мо ҳамаи ҳуҷҷатҳои марбут ба вайро фиристодем.”

Рамазон Раҳимзода

Рамазон Раҳимзода

Вазири умури дохилии Тоҷикистон илова карда буд, 8 узви ин созмони мамнӯъ дар Русия низ боздошт шуда, мунтазири интиқолашон ба Ватан ҳастанд. Ва ҳафтаи гузашта Додситонии кулли Тоҷикистон эълон кард, Мақсуд Иброҳимов, раҳбари созмони ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон дар Маскав, ки яке аз ёрони Умаралӣ Қувватов гуфта мешавад, низ ба Тоҷикистон оварда шуда, ҳоло дар боздоштгоҳе дар Душанбе қарор дорад. Наздикони Иброҳимов мегӯянд, алайҳи ӯ ва 11 нафари дигар аз аъзои созмони ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон бар асоси моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ (ташкили иттиҳоди ифротӣ, ташкили фаъолияти чунин созмонҳо ва даъватҳои оммавӣ ба фаъолиятҳои экстремистӣ) парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

Баъдан масъулони Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон рӯзи 26 январи соли ҷорӣ раҳбари "Гуруҳи 24"-ро ба гаравонгирӣ ҳам муттаҳам карданд. Онҳо гуфтанд, ​Умаралӣ Қувватов дар баробари ҷиноёти иқтисодӣ, бар асоси моддаҳои 36, қисми 3 (раҳбарии гурӯҳи ҷиноӣ), моддаи 131 (ташкилкунандаи ғайриқонунии маҳрум кардан аз озодӣ), моддаи 181, қисми 3 банди “а” ва “б” (ташкилкунандаи ғасби гаравгонгирӣ ё нигоҳ доштани шахс ба сифати гаравгон), моддаи 358, қисми 2 (ташкилкунандаи ғайриқонунии дар ҳабс нигоҳ доштани шахс) ҳам айбдор аст.

Абдуфаттоҳи Ғоиб -- раиси Оҷонсӣ гуфта буд, наметавонанд номи ҷабрдидаҳоро ошкор созанд, чун, ба қавли ӯ, ҳанӯз тафтиши парвандаҳои Қувватов поён наёфта, бахше аз онҳо сиррист. Аммо ӯ гуфт, ҳатто ҳолатҳое ҳам будааст, ки Умаралӣ Қувватов бо зӯр тиҷоратро аз худ карда, баъзе ҳамкорони собиқашро пеш кардааст: "Аз ҷумла, як шаҳвранди Афғонистон, ки дар ин ҷо корти паноҳандагӣ дорад, шахсан ба ман муроҷиат кард. Умаралӣ Қуваатов ӯро дар Қӯрғонтеппа кор фармуда, дар он ҷо ва дар Душанбе маҳкам кардааст."

Умаралӣ Қувватов, ки дар гузашта яке аз шарикони тиҷоратии атрофиёни раиси ҷумҳури Тоҷикистон буд, баъди сар задани ихтилоф дар муомилаҳои тиҷоратӣ бо шариконаш, чор соли пеш Тоҷикистонро тарк кард ва созмонеро бо номи "Гурӯҳи 24" таъсис дод. Ӯ бо танқиди зиёд дар расонаҳои хабарӣ ва бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳукумати Тоҷикистонро асабонӣ кард ва бо дархости ҳукумат дар охирҳои моҳи декабри соли 2012 дар Дубай боздошт шуд, вале баъдан ӯро раҳо карданд.

​Даъвати ӯ ба тазоҳурот дар Душанбе дар рӯзи 10 октябри соли 2014, мақомотро водор кард, чораҳои амниятиро дар атрофи пойтахт бо сафарбар кардани мошинҳои зиреҳпӯш тақвият бахшанд. Баъдан мақомоти Тоҷикистон навори муколамаи ӯ бо Шарофиддин Гадоев, як узви дигари "Гурӯҳи 24"-ро нашр карданд, ки ҳарду дар бораи ҳамлаи мусаллаҳона ба шаҳри Хуҷанд маркази вилояти Суғд сӯҳбат мекарданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 9 октябри соли гузашта “Гурӯҳи 24”-ро созмони экстремистӣ эълон ва фаъолияти ин созмонро дар кишвар мамнӯъ донист.

Ҳарчанд теъдоди дақиқи аъзо ва пайравони ин созмони, инак, мамнуъ мушаххас нест, вале раҳбаронаш худро мухолифи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон эълон карда, мегӯянд, барномаи сарнагун кардани ҳукуматро пайгирӣ доранд.​

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG