Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯйхати 10 тан аз ёрони боздоштшудаи У.Қувватов


Бинои вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

Бинои вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон аз рӯйхати 10-нафараи созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” боздошти танҳо Умедҷон Солиҳовро расман тасдиқ мекунанд, вале мегӯянд, бо гумони ҳамкорӣ бо “Гурӯҳи 24” аллакай “чанд нафар” дастгир шудаанд.

Мақомоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон боздошт шудани “аллакай чанд нафар” аз тарафдорони “Гурӯҳи 24”-и соҳибкори фирорӣ Умаралӣ Қувватовро тасдиқ карданд, вале мегӯянд, аз ҷониби Русия дар бораи боздошти 7 узви созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” ҳанӯз маълумоти расмие ба дасти онҳо нарасидааст. Як нафар аз ин вазорат рӯзи 27 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз рӯйхати 10 узви созмони созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон”, ки ба иддаои намояндагони он созмон, дар Русия ва Тоҷикистон дастгир шудаанд, танҳо боздошти Умедҷон Солиҳовро тасдиқ кард ва гуфт, ин ҳамонест, ки муҳокимаи парвандааш рӯзи 19 январ дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе оғоз ёфт.

Аммо иддаои боздошти 10 узви созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” дар Русияву Тоҷикистон дар сатҳи расмӣ ваё аз тарафи манобеи мустақил то ҳол тасдиқ нашудааст.

Мақомоти Душанбе бо ин вуҷуд ҳушдор медиҳанд, ки “Гурӯҳи 24” дар Тоҷикистон расман аз сӯи Додгоҳи олии ин кишвар созмони ифротӣ шинохта шудааст ва ҳамкорӣ бо он ҷавобгарии ҷиноӣ дорад: “Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ ҳамчун ҷазо аз 2 то 5 сол, барои ташкили чунин иттиҳод ё ташкили фаъолияти он аз 5 то 8 сол ҳукми зиндонро пешбинӣ кардааст.”

Як манбаи Озодӣ дар мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон боздошти боз як тан аз ин рӯйхта - Шероз Комилови 22-сола ва дар яке аз боздоштгоҳҳои Душанбе қарор доштани ӯро тасдиқ мекунад. Вале боздошти ӯ расман тасдиқ ё рад нашудааст. Ҳамин тавр, наздикони Абдураҳим Восиеви 27-сола низ дар сӯҳбат бо хабарнигори Озодӣ гуфтанд, ки ӯ беш аз 2 моҳ боз дар боздоштгоҳи шаҳри Маскав дар интизори баррасии парвандаи истирдодаш ба Душанбест.

Рӯзи 27 январ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук рӯйхати 10 узви созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон”, аз ҷумла як зани 53-сола нашр шуд, ки бино ба иддаои намояндагони ин созмони мухолифи ҳукумат, бо ҷурми фаъолиятҳои сиёсиашон дар Русия ва Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Дар баёнияи ин созмон гуфта мешавад, ки боздошти ин 10 нафари аксаран ҷавон, бар иловаи раҳбари “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” Мақсуд Иброҳимов аст, ки бино ба иддаои онҳо, рӯзи 20 январ ба таври мармуз аз Маскав рабуда шудааст.

Мақсуд Иброҳимов

Мақсуд Иброҳимов

Гуфта мешавад, ки созмон рӯйхати ин ҷавонони боздоштшударо дар ихтиёри созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегузорад, чунки, бино ба иддаои намояндагони созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон”, онҳо барои фаъолиятҳои сиёсиашон дастгир шудаанд: “Ин бачаҳо танҳо барои он ба ифротгароӣ айбдор мешаванд, ки барои Тоҷикистон ва шаҳрвандонаш зиндагии беҳтаре аз тариқи ислоҳотро мехостанд. Онҳо ба ҳимояти ҷамъиятию ҳуқуқӣ ва дигар шакли пуштибонӣ эҳтиёҷ доранд. Онҳо ба якдилии шаҳрвандӣ, ҳимоят ва шафқат ниёз доранд.”

Бино ба иддаои намояндагони созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон”, 7 тан аз аъзои онҳо дар Русия, асосан дар шаҳрҳои Маскаву Новосибирск ва Самара дастгир шуда, 3 тани дигар дар худи Тоҷикистон ба дасти мақомот афтодаанд:

“Онҳое ки дар Русия дастгир шудаанд:

1. Бафоев Нуриддин Ризоевич, с.т. 10.04.1970, зодаи ноҳияи Ашти вилояти Суғд. Рӯзи 25.11.2014 дар Маскав дастгир шудааст.

2. Сатторов Меҳрубон Ҳасанович, с.т. 14.05.1989, зодаи вилояти Хатлон, сокини шаҳри Конибодоми вилояти Суғди Тоҷикистон. Рӯзи 03.12.2014 дар Маскав дастгир шудааст. СИЗО №4, шаҳри Маскав.

3. Восиев Абдураҳим Илҳомидинович, с.т. 21.05.1987, зодаи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, Дар Маскав рӯзи 12. 11.2014 дастгир шудааст. СИЗО №4, Маскав.

4. Обидов Карим Абдуалимович, (?) дар Маскав дастгир шудааст.

5. Ҷобиров Сулаймон. Дар Самара зиндагӣ мекард ва рӯзи 19 декабри соли 2014 дастгир шуд. СИЗО №1, Самара.

6. Гиляев Оятулло Муҳиддинович, с.т. 10.04.1988, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ, дар Новосибирск дастгир шудааст.

7. Абдураҳмонова Розия Ҳасановна, с.т. 01.01.1961, зодаи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ. Рӯзи 19.12.2014 дар Новосибирск дастгир шудааст…

Онҳое ки дар Тоҷикистон дастгир шудаанд:

8. Қурбонов Неъматулло Одинаматович, с.т. 15.03.1989, зодаи ноҳияи Ҳамадонӣ, сокини ноҳияи Рӯдакӣ. Аз Русия ба далели таҳдидҳо ба наздиконаш баргашт ва рӯзи 09.10.2014 дар Душанбе дастгир шуд.

9. Солиҳов Умедҷон Мирзодавлатович, с.т. 15.10.1984, зодаи ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон. Аз Русия ба далели таҳдидҳо ба наздиконаш баргашт ва дар Душанбе дастгир шуд.

10. Комилов Шероз, с.т. 20.10.1992, зодаи ноҳияи Шаҳристон, сокини шаҳри Қайроққуми вилояти Суғди Тоҷикистон. Аз Русия ба далели таҳдидҳо ба наздиконаш баргашт ва дар Душанбе дастгир шуд.»

Намояндагони созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” ҳафтаи гузашта ҳамчунин иддао карданд, ки раҳбари онҳо Мақсуд Иброҳимовро баъди анҷоми табобат ба таври мармуз ва ғайриқонунӣ ба Душанбе истирдод кардаанд. Аммо Шоҳҳусайн Коров, муовини раиси раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 21 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин иддаоро рад кард ва гуфт: “Тамоми маводи марбут ба истирдоди афроди гумонбар аз дасти мо мегузарад ва дар рӯйхати истирдодшудаҳо дар рӯзҳои охир аслан нафаре бо номи Мақсуд Иброҳимов нест. Ин хабар ягон ҳақиқат надорад.”

Номи Мақсуд Иброҳимов ва созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” ду моҳ пеш баъди як сӯиқасд ба ҷонаш дар пойтахти Русия вирди забонҳо шуд. Ин ҳамла шаби 26 ба 27 ноябр дар назди манзили иқомати ӯ дар кӯчаи Бокуи шаҳри Маскав сурат гирифта, Иброҳимовро бо захмҳои сангин ба бемористон интиқол доданд. Ӯ қариб як моҳро дар бемористон ба сар бурд ва баъди ҷавоб шуданаш, ба гуфтаи ёрони ӯ, таҳти назорати мақомоти амниятӣ қарор дошт, вале аз 19 январ ғайб зад.

Мақомоти Русия ҳанӯз дар рӯзи нашри хабари сӯиқасд ба ҷони ин сиёсатмадори мухолифи тоҷик гуфта буданд, ки баъди табобаташ Иброҳимов ба ҳабс гирифта хоҳад шуд, чунки аз сӯи мақомоти Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ гузошта шудааст.

Ҳамоиши тарафдорони "Гурӯҳи 24" дар яке аз шаҳрҳои Русия

Ҳамоиши тарафдорони "Гурӯҳи 24" дар яке аз шаҳрҳои Русия

Созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” як мӯҳраи калидӣ дар сохтори эътилофи нирӯҳои мухолифин “Тоҷикистони нав” ва худи Иброҳимов яке аз ёрони наздики раҳбари нирӯҳои меҳварии ин эътилоф "Гурӯҳи 24" Умаралӣ Қувватов ба шумор мерафт. Масъулони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” мегӯянд, аксари гирдиҳамоиҳо дар шаҳрҳои Русия бо талаби истеъфои Эмомалӣ Раҳмонро ҳамин созмон ташкил дода буд.

Баъди митинги баргузорношудаи рӯзи 10 октябр ин созмон аз бедарак шудани дастикам 3 узваш хабар дод. Як ҳафта баъд вазорати умури дохилаи Тоҷикистон эътироф кард, ки 2 сокини ноболиғи яке 16 ва дувумӣ 17-солаи Душанберо рӯзи 16 октябр ба гумони таблиғи “Гурӯҳи 24”, аз ҷумла бо ҷурми навиштани шиорҳои зидди ҳукумат дар наздикии Наврӯзгоҳи пойтахт дастгир кардааст.

Ҳоло дар додгоҳи ноҳияи Исмоил Сомонии шаҳри Душанбе мурофиаи парвандаи Умедҷон Солиҳов шурӯъ шудааст. Солиҳов ба узвият дар “Гурӯҳи 24”, ширкат дар як гирдиҳамоии мухолифони ҳукумат дар шаҳри Новосибирски Русия ва ба далели дар суханрониаш дар он ҳамоиш ба фурӯши заминҳои Тоҷикистон ба Чин айбдор кардани Эмомалӣ Раҳмон ба таҳқири президент айбдор мешавад. Худи ӯ аммо гуфтааст, ки ҳамчун “ҷосуси ФСБ” (Хадамоти федеролии амнияти Русия) ба он ҳамоиш рафта буд ва узви “Гурӯҳи 24” нест.

Умаралӣ Қувватов, ки соли 2012 баъди фирораш аз Тоҷикистон Шамсуллоҳ Соҳибов, яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистонро дар ғасби тиҷоратҳояш айбдор кард ва ибтидо “Гурӯҳи 24” ва имсол дар меҳвари он эътилофи нирӯҳои мухолифин “Тоҷикистони нав” -ро таъсис дод, аз 19 декабр ҳамроҳ бо 3 тан аз ёронаш дар шаҳри Истамбули Туркия дар боздошт қарор дорад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG