Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи 5-уми феврал беҳтарин доварони футболи Тоҷикистон барои ширкат дар ҷамъомади таълимию тамринӣ ба Туркия сафар мекунанд.

Ин ҳафта беҳтарин ҳакамони футболи Тоҷикистон, ки дар мавсими нав бозиҳои лигаи олиро доварӣ хоҳанд кард, барои ширкат дар ҷамъомади таълимию тамринии даҳрӯза ба шаҳри Анталияи Туркия сафар хоҳанд кард. Ба иттилои Сафар Каримов, раиси кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), ба ин ҳайат 12 нафар доварон шомиланд, ки инҳоянд: доварони ФИФА -Хуршед Дадобоев (Хуҷанд), Парвиз Муртазоев (Душанбе), Аъзам Бӯриев (Қӯрғонтеппа), Насрулло Кабиров (Норак), ёварони довари ФИФА Акмал Бӯриев (Турсунзода), Рустамбек Хӯҷаев (Қубодиён), Сайёдҷон Зайниддинов, Хусрави Сиддиқзод (ҳарду аз Душанбе), инчунин доварони дараҷаи аввал Вафо Қараев (Шаҳринав), Наимҷон Мансуров (Бобоҷон Ғафуров), Ҳамза Шоймардонов (Хуросон) ва Насим Ҳамидов (Душанбе) мебошанд.

Ба гуфтаи Сафар Каримов, ин марҳилаи омодагии доварони тоҷик ба мавсими нави футбол дар Туркия то рӯзи 15-уми феврал идома хоҳад кард. Доварони тоҷик дар ин ҷо таҳти раҳбарии омӯзгор Абдураҳим Бобоев дараҷаи касбиашонро баланд бардошта, инчунин ба бозиҳои санҷишии дастаҳое, ки дар урдугоҳҳои туркӣ дар Анталия тамрин мекунанд, хидмат мерасонанд. Бояд зикр намуд, ки доварони тоҷик барои аввалин бор ба мавсими футбол дар хориҷи кишвар омодагӣ мебинанд.

XS
SM
MD
LG