Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ашраф Ғанӣ ҳукуматро ба парлумон муаррифӣ кард


Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон, аъзои нави ҳукуматро ба парлумон муаррифӣ кард. Ӯ зимни суханронӣ дар палатаи поёни парлумон рӯзи 20 январ гуфт, “мо ҳама талошамонро кардем, ки кобинаи дар назди мардум ва раёсатҷумҳурӣ масъулро ташкил намоем”.

Қарор аст, ки рӯзҳои оянда 24 номзад ба вазирӣ, раиси Хадамоти кашф ва Бонки миллии Афғонистон барномаҳои худро ба вакилони парлумон ироа кунанд. Раъйдиҳӣ ба кобинаи нав рӯзи якшанбе сурат хоҳад гирифт. Бархе аз вакилони парлумон эълом доштанд, ки ба номзадҳои дорои душаҳрвандӣ раъй нахоҳанд дод.

Талошҳои таъсиси ҳукумати ваҳдати миллӣ аз сӯи раисиҷумҳур Ашраф Ғанӣ ва раиси иҷроияи Абдуллоҳ Абдуллоҳ бар асари баҳсҳои шадид сари номзадҳо беш аз се моҳ идома кард.

Гуфта мешавад, ба рӯйхати ба парлумон пешниҳодшудаи аъзои ҳукумати ваҳдати миллӣ номи Муҳаммад Яъқуб Ҳайдарӣ, номзад ба мақоми вазири кишоварзӣ ва зироат нест. Бар пояи хабарҳо, ин вазир шаҳрванди ду кишвар аст ва мавриди ҷустуҷӯи Интерпол қарор дорад.

XS
SM
MD
LG