Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Узбакистон нусхаҳои аслии наққошиҳоро ба савдо задаанд


Мақомоти Узбакистон мегӯянд, ки даҳҳо асари наққошӣ дар осорхонаи давлатии Тошканд ба савдо зада шудааст ва ба ҷоинусхаҳои аслӣ нусхаҳои дуруғини онҳоро гузоштаанд.

Кормандони расмии додгоҳ мегӯянд, ки се нафар аз мақомоти баландпояи пешини ин осорхона барои чунин кор ба зиндон маҳкум шудаанд. Онҳо дар давоми солҳои 1999-2014 нусхаҳои аслии баъзе наққошиҳои нодири давраи Шӯравиро ба савдо задаанд ва дар ҷои онҳо нусхаҳои дуруғинро гузоштаанд.

Ба гуфтаи мақомот, ин афрод 25 асари наққошии осорхонаи наққошиҳои аврупоиро бад-ин минвол дигар кардаанд. Мирфайзӣ Усмонов-яке аз масъулони баландпояи ҳамин осорхона барои 9 солу 3 моҳ ба зиндон маҳкум шудааст. Бахтиёр Ботиров-раҳбари озмоишгоҳи барқарории осори наққошӣ ва Абдураҳмон Муранов-яке аз барқароркунандагони осор 8 сол мӯҳлати зиндон гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG