Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба як постгоҳи полис дар Ироқ боиси марги 7 нафар шуд


Бар асари ҳамла ба як қароргоҳи полис дар шимоли Бағдод дасти кам 7 нафар ҷон бохтанд. Ҳамла аз таркиши мошини ҳомили маводи мунфаҷира аз сӯи як маргталаб дар канори девори қароргоҳи полис дар рустои Ал-Салмони канори шаҳри Тармия шурӯъ шуд. Ба думболи ин афроди мусаллаҳ қароргоҳро тирборон карданд.

Гуфта мешавад, ки панҷ кас аз қурбониёни ҳамла – кормандони полисанд. 11 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Тармия тақрибан дар 50-килотметрии пойтахти ироқ ҷойгир шудааст. Масъулияти ҳамларо касе бар дӯш нагирифтааст.

Як рӯз пеш бар асари таркишҳо дар Бағдод даҳ нафар аз зоироне, ки мехостанд ба шаҳри муқаддаси Карбало раванд, ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG