Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии “Хайр” бар “Равшан” ва ССКА бар “Вахш”


Рӯзи 11-уми ноябр ду бозии аввали даври 17-уми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

Ду бозии аввали даври пешазохирин - 17-уми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон шоми сешанбе хотима ёфт. “Хайр”-и Ваҳдат дар меҳмонӣ “Равшан”-и Кӯлобро бо ҳисоби 2-1 шикаст дод. Се имтиёзи гаронбаҳо ба футболбозони шаҳри Ваҳдат имкон дод, ки бо 32 имтиёз мавқеашонро дар зинаи дувуми ҷадвали мусобиқа устувор кунанд ва муборизаро барои медалҳо дилпурона идома бидиҳанд.

Дар бозии дигар ССКА “Помир”-и Душанбе бар дастаи меҳмон - “Вахш”-и Қӯрғонтеппа – бо ҳисоби 4-3 ғолиб омад ва бо 15 имтиёз дар ҷадвал аз рақибаш пеш гузашт.

Ду бозии охирини даври 17-ум имрӯз, 12-уми ноябр, миёни дастаҳои “Хуҷанд”-и Хуҷанд - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Истиқлол”-и Душанбе - “Далерон-Ӯротеппа”-и Истаравшан баргузор мешавад. Барои “Истиқлол”, ки пешакӣ ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфтааст, натиҷаи ин бозӣ чандон аҳамият надорад. Вале имтиёзҳо барои футболбозони Истаравшан хеле заруранд. Зеро ки “Далерон-Ӯротеппа” ҳамроҳи “Хайр” ва “Хуҷанд” барои медалҳои нуқраву биринҷии мусобиқа талош дорад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон имрӯз, 12-уми ноябр, баъди анҷоми бозии “Истиқлол”- “Далерон-Ӯротеппа” дар Варзишгоҳи марказии Душанбе ба “Истиқлол” барои севумин бор Ҷоми қаҳрамонӣ супурда мешавад.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 17-ум

11-уми ноябр (сешанбе)

«РАВШАН» (Кӯлоб) - «ХАЙР» (Ваҳдат). Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.

Голҳо: Андох Наполеон, 37 (0:1). Андох Наполеон, 45+1 (0:2). Муҳаммадҷони Ҳасан, 62 (1:2).

Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа).

ССКА «ПОМИР» (Душанбе) - «ВАХШ» (Қӯрғонтеппа). Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ.

Голҳо: Фаридун Шарифов, 8 (1:0). Алишер Баротов, 24 (1:1). Бузургмеҳр Раҳмоналиев, 39 (2:1). Фаридун Шарифов, 54 (3:1). Соҳиб Саванкулов, 66 – азпеналтӣ (3:2). Алия Силла, 79 (4:2). Субҳон Хоҷамов, 82 – ба дарвозаи худ (4:3).

Аз майдон хориҷ шуд: Фирдавс Чақалов (ССКА «Помир»), 14 – дағалона вайрон кардани қоидаи бозӣ.

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

12-уми ноябр (чоршанбе)

Оғози бозиҳо - соати 14:00

«ХУҶАНД» (Хуҷанд) - «РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода). Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии ИстиқлолиятиТоҷикистон».

Сардовар: Аъзам Бӯриев (Қӯрғонтеппа).

«ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе) - «ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» (Истаравшан). Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ.

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

ПАРВОЗ» (Бобоҷон Ғафуров) - «ЭНЕРГЕТИК» (Душанбе) - 3:0 (натиҷаи фаннӣ)

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

16

15

1

0

62-8

46

2

«Хайр» (Ваҳдат)

17

10

2

5

26-17

32

3

«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)

16

8

5

3

16-10

29

4

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

16

8

4

4

20-15

28

5

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

16

5

5

6

23-22

20

6

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

16

6

1

9

20-33

19

7

«Энергетик» (Душанбе)

16

5

4

7

17-24

19

8

ССКА «Помир» (Душанбе)

17

3

6

8

14-26

15

9

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

17

4

1

12

11-31

13

10

«Равшан» (Кӯлоб)

17

2

3

12

16-39

9

Нишонзанҳои беҳтарин: Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 15 тӯб, Фирӯз РАҲМАТОВ («Регар-ТадАЗ») – 9 тӯб, Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Хайр») – 8 тӯб, Комил САИДОВ, Хуршед МАҲМУДОВ (ҳарду – «Истиқлол») – 7-тӯбӣ.

Даври 18-ум

16-уми ноябр (якшанбе)

Оғози бозиҳо - соати 14:00

«РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода) - «ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе). Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург».

«ВАХШ» (Қӯрғонтеппа) - «ХУҶАНД» (Хуҷанд). Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор».

«ХАЙР» (Ваҳдат) - ССКА «ПОМИР» (Душанбе). Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр».

«ПАРВОЗ» (Бобоҷон Ғафуров) - «РАВШАН» (Кӯлоб). Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи «Фурудгоҳ».

«ЭНЕРГЕТИК» (Душанбе) - «ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» (Истаравшан) - 0:3 (натиҷаи фаннӣ)

Ҷоми Тоҷикистон-2014. Финал

23-юми ноябр (якшанбе)

Оғози бозӣ - соати 13:00

“ИСТИҚЛОЛ” “РЕГАР-ТАДАЗ”. Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ.

XS
SM
MD
LG