Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико аз Русия хост ба ҷанги шарқи Украина "рӯған нарезад"


Ҷен Псакӣ
Ҷен Псакӣ

Амрико аз Русия хостааст, ки бо додани аслиҳа ва дар ихтиёри ҷудоихоҳон гузоштани кӯмакҳои дигар дар шарқи Украина “ ба оташи ҷанги рӯған нарезад”.

Ҷен Псакӣ-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико гуфт, Вашингтон Русияро маҳкум кард, ки бо додани тонку аслиҳаи дигари вазнин ба ҷудоихоҳон беш аз пеш минтақаи Донбасро низомӣ мекунад.

Ин суханони хонум Псакӣ дар ҳоле садо дод, ки 10 ноябр САҲА гуфт, нозирони ин созмон дидаанд, ки аслиҳаи вазнин ва тонкҳо дар баъзе қисматҳои минтақаи Донетск сафороӣ кардаанд. Ин минтақа зери назорати ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия қарор дорад.

Хонум Псакӣ Русияро муттаҳам кард, ки созишномаи 5 сентябр дар бораи оташбас бо ҷудтоихоҳонро “дағалона вайрон” мекунад ва ҳушдор дод, ки агар Русия ба ноором кардани вазъ ва ба фаъолиятҳои хатарноки худ идома диҳад, арзиши он барои Русия боло хоҳад рафт.

Вале ба гуфтаи Псакӣ, Русия куштори сарбозони худ дар Украинаро пинҳон медорад ва онро сирри давлатӣ эълон кардааст.

XS
SM
MD
LG