Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танқидҳо аз ҳамлаи Исроил ба Рафаҳ. Идомаи музокироти оташбас


Рафаҳ, ҷануби Навори Ғазза.
Рафаҳ, ҷануби Навори Ғазза.

Артиши Исроил рӯзи 7-уми май эълон кард, ки назорати гузаргоҳи Рафаҳро дар ҷануби Ғазза (ҳаммарз бо Миср) ба даст гирифтааст.

Шохаи низомии "Ҳамос" масъулияти ҳамлаи навро бо чанд мушак ба гузаргоҳи “Карам Абусолим” дар Исроил пазируфт. Бонги хатар пеш аз зуҳри сешанбе дар ин гузаргоҳ ба садо даромад, аммо расонаҳои исроилӣ дертар эълон карданд, ки шаш мушаки партофтаи "Ҳамос" талафоти ҷонӣ дар пай надошт.

Дар баёнияи артиши Исроил дар бораи гузаргоҳи Рафаҳ омадааст, ки сарбозони артиш ҷустуҷӯи минтақаро идома доданд. Аз ҷое, ки рӯзи 5-уми май ба тарафи гузаргоҳи “Карам Абусолим” дар дохили хоки Исроил ҳамлаи мушакӣ анҷом шуд. Дар ин ҳамла, ки масъулияташро гуруҳи тундрави "Ҳамос" ба уҳда гирифт, 4 сарбози исроилӣ кушта ва шуморе захмӣ шудаанд.

Артиши Исроил дар идома гуфтааст, нерӯҳои ҳавоии ин кишвар дар соатҳои аввали рӯзи сешанбе ҳудуди 150 ҳадафро дар ин минтақа бомбаборон карданд. Дар баёния ҳамчунин омадааст, ки нерӯҳои исроилӣ дар ин амалиёт талафоте надоштаанд.

Пеш аз ин, 6-уми май, Исроил паёмҳоеро барои тарк ва холӣ кардани маҳаллаҳое аз шарқи Рафаҳ аз ҳаво ба дохили ин минтақа партоб карда буд, то аз оғози амалиёти худ ба сокинони ин минтақа хабар диҳад. Исроил аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ низ чунин хабарро паҳн карда буд.

Амалиёти артиши Исроил дар қисматҳои шарқии Рафаҳ аз шомгоҳи душанбе дар пайи мувофиқати вазирони кобинаи ҷанг барои оғози "амалиёти маҳдуд" оғоз шуд

Дар ҳамин ҳол, Исмоил Ҳания, раиси Дафтари сиёсии “Ҳамос” шаби гузашта эълон кард, ки ин гурӯҳ пешниҳоди оташбасро пазируфтааст.

Дафтари нахуствазири Исроил дар вокуниш гуфт, ҷузъиёти созише, ки Миср, Қатар ва миёнаравҳои дигар қабули онро аз сӯи "Ҳамос" эълон кардаанд, мавриди қабули Исроил нест.

Нахуствазири Исроил шаби гузашта хабар дод, ки як тим барои баррасии пешниҳодҳои "Ҳамос" ба Қоҳира, пойтахти Миср сафар мекунад. Расонаҳои Исроил аз сафари ин тим дар рӯзи сешанбе хабар доданд.

Ҳазорон исроилӣ пас аз эълони оташбас аз сӯи "Ҳамос" ба яке аз хиёбонҳои калони Телавив баромаданд. Тазоҳуркунандагон оғози амалиёти заминии артиши Исроилро дар шарқи Рафаҳ барои ҳифзи ҷони 132 гаравгони исроилӣ дар Ғазза "хатарбор" хонда, хостори оташбаси фаврӣ аз тарафи кобинаи ҷанги Исроил шуданд.

Раҳбарони шуморе аз кишварҳои дунё ҳам аз Исроил хостанд, ки ба Рафаҳ ҳамла накунад ва ба оташбас розӣ шавад.

XS
SM
MD
LG