Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон барои бастани роҳ ҷазоро шадидтар кард


Қирғизистон муҷозотро барои бастани роҳҳои автомобилгард шадидтар кард. Дар ин кишвар бастани роҳҳо ҳангоми эътироз ба падидаи маъмулӣ табдил ёфтааст.

Дафтари Алмазбек Атамбоев-раиси ҷумҳур гуфт, ки 29 октябр раиси ҷумҳур дар қонуне роҷеъ ба ин масъала имзо гузоштааст. Бар асоси ин қонун бастани роҳҳо аз 80 то 1100 доллар ҷарима дорад ва ҳамчунин 5 рӯзи зиндон пешбинӣ мешавад.

Ононе, ки бештар аз 24 соат роҳҳоро мебанданд ба 3 соли зиндон маҳкум хоҳанд шуд.

Солҳои гузашта эътирозгарон роҳҳоро ба нишонаи эътироз мебастанд ва рӯзҳо, ҳатто ҳафтаҳо мошинҳоро гузаштан намемонданд.

Моҳи май ва июн ҷонибдорони Акматбек Келдибеков-раиси пешини порламон роҳи Ӯш-Эркечтамро дар ҷануби Қирғизистон як моҳ бастанд ва ширкаткунандагони эътироз бо пулис вориди заду хурд шуданд.

XS
SM
MD
LG