Пайвандҳои дастрасӣ

СММ куштори занони фаъоли ироқӣ аз сӯи ҷангҷӯёнро маҳкум кард


Раҳбари идораи СММ оид ба ҳуқуқи башар Зайд Род ал-Ҳусейн куштори ваҳшиёнаи як хонум – ҳомии ҳуқуқи башари ироқӣ аз сӯи ситезаҷӯёни гурӯҳи «Давлати исломӣ» ва таҷовуз ба номуси садҳо занон дар манотиқи ишғолкардаи ин гурӯҳро шадидан маҳкум кард.

Ал-Ҳусейн рӯзи панҷшанбе, 25 сентябр изҳор намуд, ки Самира Солеҳ Алӣ ал-Нуаймӣ ҳамин ҳафта дар Мовсил дар маҳзари ом эъдом шуд. Ситезаҷӯён ӯро 17 сентябр баъд аз он брздошт карданд, ки дар саҳифааш дар Facebook аз «Давлати исломӣ» интиқод кард. Ба гуфтаи Зайд Род ал-Ҳусейн, ду моҳ пеш дар шаҳри Сдероти наздикиҳои Мовсил ҳам ду зани ҳомии ҳуқуқи башар кушта шуда буданд. Як зани фаъоли дигар моҳи июл аз манзилаш дар Мовсил рабуда шуд ва то ҳол сарнавишташ маълум нест.

Раҳбари идораи СММ оид ба ҳуқуқи башар аз вазъи садҳо зани езидӣ, ки аз сӯи ҷангҷӯён рабуда шудаанд, низ изҳори ниграонӣ кард. Бар пояи хабарҳо, ин занҳоро чун ғулом мефурӯшанд, маҷбуран ба шавҳар медиҳанд, бисёрии онҳо мавриди хушунати ҷинсӣ қарор мегиранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG