Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тибқи иттилои пулиси вилояти Хатлон, аз аввали соли ҷорӣ то кунун 25 мард дар ин минтақа барои бисёрзанӣ муҷозот шудаанд.

Масъулони пулиси вилояти Хатлон рӯзи чоршанбеи 10 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки давоми ҳашт аввали соли ҷорӣ бар асоси банди 170 -и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне барои дузанагӣ ва бисёрзанӣ 25 мард муттаҳам дониста шуда ва ҷарима гардиданд.

Назаралӣ, марди 48 солаест, ки як моҳи пеш барои дузанагӣ ба пардохти ҷарима аз сӯи додгоҳ муҷозот шуд. Вай, ки ронандаи таксӣ аст, мегўяд, «дузанагӣ аз рўи мастӣ мешавад, барои зиндагӣ нест, масалан барои як вақти муайян, ки муваққатӣ мебошад.»

Бо он ки масъулони пулиси вилояти Хатлон аз зикри ном ва маҳалли зисти афроди дузана ё чандзана худдорӣ мекунанд, аммо мегӯянд, миёни онҳо мансабдорон нестанд. Юсуф Обидов, як масъули пулиси вилояти Хатлон дар ин бора афзуд: «Дар миёни мардҳои дузана деҳқонон, соҳибкорон, ронандагони таксӣ ба мушоҳида мерасад, аммо мардҳои дузанаеро, ки мансабдор бошанд, ошкор накардем.»

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гузориши созмонҳои иҷтимоӣ дар вилояти Хатлон, мавориди дузанагӣ ё бисёрзанӣ миёни кормандони ниҳодҳои давлатии ин минтақа низ ба мушоҳида мерасад, аммо расман ошкор намешаванд. Юсуф Муҳаммадзода, раиси созмони иҷтимоии «Рушд» дар вилояти Хатлон дар сӯҳбат ба Радиои Озодї мегӯяд, ки агарчӣ бисёрзанӣ як мавзӯи доғ аст, аммо дар ин маврид ошкоро сӯҳбат намешавад.

Ҷаноби Муҳаммадзода мегӯяд, ки агар дар ҷомеаи имрўз, адолати иҷтимоӣ мебуд, натанҳо кирокашу ронанда, балки мансабдорони дузана низ ҷарима мешуданд: «Дар ҷомеае зиндагӣ мекунем, ки дар мавзӯъҳои муҳим ошкоро сӯҳбат намешавад, агар бисёрзанагӣ ҷиноят бошад, бигзор, ки ҳама баробар муҷозот шавад, аммо мешунавем, ки танҳо нафароне, ки аз табақаи поёни ҷомеа ҳастанд, муҷозот мешавад, ки ин аз ноадолатии додгоҳӣ аст.»

Зарофатбибӣ, номи шартии зани мансабдорест, ки мегӯяд, натавонистааст дар ҷавонияш арӯсӣ кунад, аммо ҳоло ҳамсари дуввуми фарди мансабдорест, ки зиндагии муштарак дорад. Зарофатбиби ба ду зан доштани мардон низ зид нест, аммо мегӯяд, бояд розигии занони аввал гирифта шавад:

“Зани якум ҳам зан аст ва зани дувум ҳам зан аст, аммо мардҳо бояд пеш аз онки бо зани дуввум арӯсӣ мекунанд, бояд аввал аз зани аввалии худ иҷозат гиранд, ки фарзандони ду занашон тавонанд, ки дӯстӣ намоянду рафту омад кунанд. Ман фикр мекунам, ки занҳои дуввум нисбати мардҳо меҳрубон ва самимӣ ҳастанд.»

Созмони иҷтимоии «Рушд» ду соли пеш дар миёни 500 нафар, аз ҷумла 250 зани дуввум ва 250 марде, ки дузана ҳастанд пажӯҳише анҷом дода буд, ки афроди дузана ва ё бисёрзана бештар соҳибкорон буданд. Дар ин феҳрист мансабдорон дар ҷои дувум қарор гирифта буданд.

Дар ҳоле, ки оморе дар мавриди занони дуввум ва мардҳои дузана ва ё бисёрзана дар идораҳои сабти ҳолати шаҳрвандӣ е ЗАГС ва ҳатто додгоҳҳо вуҷуд надорад, аммо масъулон мегӯянд, занҳои дуввум, ки бе никоҳи расмӣ фарзандор мешаванд, барои талаб кардани манзили зисти доимӣ ва ё соҳиб шудани насаби падарӣ, ба ин ниҳодҳо муроҷиат кардаанд.

Банди 170-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, барои дузанагӣ ва бисёрзанӣ пардохти ҷарима дар ҳаҷми 1000 то 2000 нишондод (ҳар нишондод баробар ба 40 сомонӣ) ё то 2 сол кори ислоҳӣ ва ё аз 6 моҳ то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG