Пайвандҳои дастрасӣ

Тибқи як пажӯҳиш, миёни бонувони тоҷик ҷонибдорони бисёрзанӣ, назар ба мухолифон он бештар будаанд.

Сандуқи байналмилалии АвруОсиё дар натиҷаи як пажӯҳиш эълон медорад, ки мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ аксар занони тоҷикро маҷбур кардааст, ки бисёрзаниро қабул кунанд.

Латофати 27-сола ҳамсари аввал аст ва оилаи хушбахт дорад, аммо мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба шароити феълии занон дар кишвар муқобили дузанагӣ ҳам нест. Агар, ба гуфтаи ӯ, шартҳои шариати дини Ислом дар ин маврид аз сӯйи мардон риоя шавад: "Аз нигоҳи дини Ислом ман ҳаққи зид будан ҳам надорам. Тавре мегӯянд, дар ҷомеаи имрӯзаи мо теъдоди занони бешавҳар зиёд шудааст. Вале ин ҷо бояд пеш аз ҳама мард бояд барои ҳар ду зан хона ва шароити хуби зистро таъмин кунад. Албатта, дар шароити феълӣ таъмини сад дарсадии хонавода осон нест, вале ба ҳар сурат бояд мард ҳадди ақал адолатро дар байни ҳар ду зани худ таъмин карда тавонад."

Натиҷаҳои як назарпурсӣ ҳам рӯшан кардааст, ки имрӯз мисли Латофат дар Тоҷикистон ҷонибдорони бисёрзанӣ назар ба мухолифони он бештаранд. Ин пажӯҳиш, ки аслан дар мавзӯи мушкилоти ҳуқуқии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа аз сӯйи Сандуқи байналмилалии АвруОсиё гузаронда шудааст, аз тақрибан 800 зан дар чаҳор минтақаи кишвар -- Суғду Хатлону Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи марказ пурсидааст, ки оё ҷонибдори бисёрникоҳианд, ё зидди он.

Ҳудуди 50 дарсад ё нисфи бонувони пурсидашуда аз чандҳамсарӣ истиқбол карда, иброз доштаанд, ки зидди мамнӯъ шудани дузанагиянд. Ҳудуди 30 дарсади дигар, баръакс, муқобили бисёрзанӣ баромад кардаанд. Таҳлилгарони Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Сандуқи байналмилалии АвруОсиё мегӯянд, 60 дарсади занони пурсидашуда, бисёрзаниро ягона роҳи бунёди оила унвон намудаанд. Ба андешаи 27 дарсад, занонро ғолибан шароити номусоиди зист водор мекунад, ки ба никоҳи дувуми марде дароянд. Дар ҳамин ҳол, 25 дарсади дигар гуфтаанд, занон бо пешниҳоди волидону наздикон, иҷборан зани дувум мешаванд.

Аммо Равшан Муллоев, як масъули Сандуқи байналмилаллии Авруосиё дар Тоҷикистон, мегӯяд, бинобар хулосаҳои пажӯҳиши онҳо, ин гурӯҳи занон ҳам ба қишри осебпазири ҷомеа дохил шуда, адами никоҳи расмӣ онҳоро ба мушкилоти зиёде дучор мекунад: "Пажӯҳиши мо нишон дод, ки ғолибан онҳо дар масъалаи ҳуҷҷатнигорӣ азият мекашанд. Масалан, кӯдакони волидоне, ки ақди никоҳ надоранд, аксаран бе шаҳодатномаи таваллуд мемонанд ва ин дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ ё таҳсилро барои онҳо мушкил мекунад. Ин гурӯҳи занон бисёр вақт барои гирифтани алимент ва ҳангоми тақсими моликият ҳам азият мекашанд."

Афзоиши ҷонибдорони бисёрзанӣ дар миёни занон ва ҳам тавре мушоҳида мешавад миёни мардон дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки қонунҳои кишвар чандҳамсариро мамнӯъ дониста, барои онҳое, ки ин қонунро риоя намекунанд, то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ҷарима ва ё аз 2 то 5 сол ҳукми маҳрумият аз озодиро пешбинӣ кардааст. Аммо ба андешаи соҳибназарон, коҳиши шумораи мардҳо ва афзоиши теъдоди духтарони бешавҳар, муҳоҷирати тақрибан саросарии мардҳо боис шудааст, ки имрӯз ин ҷараён ба таври ғайриқонунӣ сурат мегирад. Мардон бо никоҳи шаръӣ ё мусулмонӣ соҳиби занҳои дувум ва ҳатто севум мешаванд ва занону духтарон ҳам ба хотири бунёди оила ва соҳиби фарзанд шудан омодаанд, ки ба никоҳи марди оиладоре ворид шаванд.

Гулҷаҳон Бобосодиқова

Гулҷаҳон Бобосодиқова

Гулҷаҳон Бобосодиқова аз фаъолони ҳуқуқи зан, мегӯяд, манъ будани дузанагӣ, аммо ба таври пинҳонӣ ҷараён гирифтани он, мушкилотеро дар ҷиҳати ҳимояи занони дувум ва фарзандони онҳову дарёфти алимент ва ҳаққи мерос ба бор овардааст: "Занони дувум бе ягон ҳаққу ҳуқуқ мемонанд. Барои ҳамин, ҳангоми муроҷиату шикояти занон ҳимояи онҳо барои ҳуқуқшиносон ғайриимкон аст. Аслан дар шаҳр занони дувум чандон мушкил надоранд, чун онҳо соҳиби маълумотанд ва то ҷое метавонанд роҳи зиндагиро пайдо кунанд, аммо вазъ дар ноҳияҳо бадтар аст. Занони дувум дар деҳот ғолибан маълумоти олӣ надоранд ва дар ҳолате, ки ҳамсаронашон аз саробонии онҳо даст мекашанду фарзандони худро нигоҳубин намекунанд, ранҷ мебинанд."

Бинобар ин, ба хотири беҳтар кардани шароити зиндагии занони дувум аз сӯйи бархе аз созмону рӯҳониён, пешниҳодҳое ҷиҳати ислоҳи қонуни манъи дузанагӣ садо дода буд, аммо ба гуфтаи хонум Бобосодиқова, чунин пешниҳодҳо аслан дар сатҳи мақомот ягон маротиба баррасӣ нашудааст. Шоира, мусоҳиби ҷавони мо, зидди бисёрникоҳист ва мегӯяд, ҳоло аксар мардону ҷавонон бисёрникоҳиро, ки дини мубини Ислом иҷоза додааст, дастак карда, новобаста ба шароиту имконоти худ, аз пайи бунёди оилаи дувуму севум мешаванд: "Намедонам аз бефикрӣ ё маблағи зиёд бошад, ки рӯшоду пинҳон зани ду ва се мегиранд ва дар як муддати кӯтоҳ, вақте мушкил пеш меояд, боз бахти як занеро шикаставу фарзандеро бесаробон мемонанд. Шахсан ман ба чунин пешниҳод аслан розӣ шуда наметавонам, чун аксари мардон ҳарчанд аз Ислом мисол меоранд, ки иҷоза аст то чаҳор зан доштан, вале аз ӯҳдаи таъмини баробари занон баромада наметавонанд, талаботи онҳоро қонеъ карда наметавонанд. Онҳо аз рӯйи шарту талаботи шариат рафтор намекунанд."

Бо ин хама, омори дақиқе дар бораи теъдоди занҳои дувум дар Тоҷикистон вуҷуд надорад ва дар ин бахш ягон пажӯҳиши хосу саросарӣ ҳам анҷом нашудааст. Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Гузашта аз ин, заноне ки ҳамсари дувуманд, аз ин воқеияти зиндагии худ шарм дошта, бештар зиндагии пасипардагиро ихтиёр мекунанд ва аз ифшои шахсияти ҳамсаронашон ҳам худдорӣ мекунанд.

Насиба яке аз чунин занон аст. Ӯ бармаҳал оиладор шуда бо амри тақдир баъд аз як муддати кӯтоҳ аз шавҳараш талоқ мегирад. Аз ноилоҷӣ ва ба хотири модар шудан дубора оиладор мешавад, аммо ин бор бе ягон тӯю маърака ва ба унвони зани дувум. Ҳарчанд ба хотири ояндаи хуб беш аз панҷ сол аст, ба унвони зани дувум зиндагӣ дорад, аммо мегӯяд, зиндагии зани дувум, тавре баъзеҳо фикр мекунанд, чандон ширину гуворо набудааст.

Чандҳамсарӣ дар Тоҷикистон баъд аз ҷанги дохилӣ дар кишвар, ки тақрибан 100 ҳазор нафар аз ҷамъияти ғолибан мардро кушта бар ҷой гузошт, густариш пайдо кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG